Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

тандӣ иштирок кард. Солҳои 1937—1946 ҳисобчӣ ва мудири хоҷагии колхози «Қизил нишон», солҳои 1947 — 48 сардори звено, 1949 — 1966 раис ва аз соли 1966 ҷонишини раиси колхози «Анҷумани XXII-уми ҳизб»-и ноҳияи Регар. Солҳои 1947 — 1949 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бӯриев депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 4—5). Бо ордени Ле-нин», ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Ни-шони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ёдгорова Боғӣ, соли 1914 дар деҳаи Қӯзибачаи Регар таваллуд шудааст. Пахтакор, Қаҳрамони Меҳ-нати Социалистӣ (1948). Аъзои ҲКИШ аз соли 1948. Солҳои 1937 — 1948 колхозчӣ ва сардори звено, сол-ҳои 1949 — 1965 говҷӯш, солҳои 1965 — 1969 мудири яслии колхози ба номи М. И. Калинини ноҳияи Регар ва аз соли 1969 нафақахӯри шахсӣ. Звенои Ёдгорова солҳои 1946 — 1947 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени «Ленин», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофо-тонида шудааст.

Мелиқулова Угулой, соли 1921 дар деҳаи Шириш-теппаи ноҳияи Регар ба дунё омадааст. Пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1965), Устои пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1954). Аъзои ҲКИШ аз соли 1941. Солҳои 1935 — 1946 колхозчӣ, солҳои 1947 — 1950 сардори звено ва аз соли 1951 сардори бригадаи пах-такории колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Регар.

Бригадаи Мелиқулова солҳои 1955 — 1956 ҳосили фаровони рӯёнд. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 7—8). Бо ду ордени «Ленин» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Мирзоев Аскаралӣ, соли 1922 дар деҳаи Янгиқӯрғони ноҳияи Олтинарики Узбекистон таваллуд шудааст. Пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1955). Аъзои ҲКИШ аз соли 1944. Солҳои 1942 — 1944 ҳисобчии колхози «Пахташиркат», солҳои 1944 — 45 котиби кумитаи комсомол, солҳои 1945 — 46 инструктори Кумитаи Ҳизбии ноҳияи Регар ва аз соли 1946

пешина
аз 214
навбатӣ