Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
техникӣ ва чандин курсҳои кӯтоҳмуддат амал мена‐ моянд.
Агар соли 1923 аз шаҳри Қарши тавассути аспу ароба барои бунёди китобхонаи қисми ҳарбии Душан‐ бе 3 ҳазор дона китоб оварда бошанд, ҳоло танҳо дар як ноҳияи Турсунзода 51 китобхона мавҷуд аст, ки соли 1923, моҳи ноябр дар Қаротоғ нахустин ячейкаи ҳизби гражданӣ таъсис ёфт, имрӯз дар мар‐ кази ноҳия бинои КМ ҲК Тоҷикистони шаҳри Турсун‐ зода қомат афрохтааст.
Дар ноҳияи мо 15 нафар деҳқонон унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро соҳиб гаштаанд.
Ашӯрова Тошбибӣ, соли 1925 дар деҳаи Оқмачити Регар таваллуд шудааст. Пахтакор, Қаҳрамони Меҳ‐ нати Сотсиалистӣ (1947), аъзои ҲКИШ аз соли 1951.
Солҳои 1938—1953 колхозчӣ, сардори звено ва аз соли 1954 колхозчии колхози «Анҷумани XX ҳизб»
буд. Звенои Ашӯрова соли 1947 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Ашӯрова депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 2—4). Бо ордени «Ленин», ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шуда‐ аст.
Бобоев Маҳмадалӣ, соли 1893 дар деҳаи Тошгу‐ зари Регар ба дунё омадааст. Пахтакор, ветерани ҳа‐ ракати сохти колхозӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиа‐ листӣ (1948). Бобоев чоряккор, чӯпон (1924—1925), иштирокчии фаъоли муборизаи зидди ҳаракати бос‐ мачигӣ, аъзои Иттифоқи «Қӯшчӣ» буд. Солҳои 1930
—1933 колхозчии колхози ба номи Тельман, солҳои 1934—1967 сардори звено ва бригадаи пахтакории колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Регар ва аз соли 1961 нафақахӯри шахсӣ буд. Бригадаи Бобоев соли 1947 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени «Ле‐ нин» ва ордени «Ситораи Сурх» мукофотонида шуда‐ аст.
Бӯриев Қурбоналӣ, соли 1923 дар деҳаи Оқмачи‐
ти ноҳияи Регар таваллуд шудааст. Пахтакор, Қаҳра‐
мони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои ҲКИШ аз
соли 1951. Солҳои 1942—43 дар Ҷанги Бузурги Ва‐

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё