Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
ҷо каппае заданд ва тарбузу ҷуворимакка кишт карданд. Соли 1930 падарам маро бо модараму ду ҷиянам ба ин ҷо овард. Вақте ки аъзоёни артел ба 15—20 нафар расид, соли 1930 колхоз ташкил кард. Ба колхоз номи «Пахташиркат»-ро гузошт. Дар 14 гектар пахта кошта аз ҳар гектари он 10-центнерӣ ҳосил мерӯёниданд. Соли 1932 аз Фарғона боз муҳоҷирон омаданд ва дар шафати мо колхози ба номи «Фрунзе»-ро ташкил намуданд (15).
Солҳои 1930—31 дар Регар касалии вараҷа авҷ гирифт, ки падарам ҳам ба ин касалӣ гирифтор шуд. Соли 1931 дар деҳаи Регар «Стансияи вараҷа» ташкил ёфт...
Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, 1 июни соли 1934 аҳолии ноҳия (ба ғайр аз Шӯрои қишлоқи Қаротоғ) 16235 нафарро ташкил мекард.
Соли 1979 шумораи аҳолии ноҳия ба 126 ҳазор нафар расид, ки 32 ҳазор нафар дар шаҳр, 94 ҳазор нафар дар деҳот зиндагӣ мекарданд.
Моҳи январи соли 1989 аҳолии ноҳия ба 160 ҳазор нафар расид, ки 119,4 ҳазор нафар дар деҳот ва 40,6 ҳазор нафар дар шаҳр зиндагӣ менамоянд. Аз ҷиҳати ҳайати ҷинсии аҳолӣ — 80200 нафар мардҳо ва 79800 нафар занҳо ҳастанд. Ҳайати миллии аҳолӣ аз 61 фоиз узбекҳо, 28 фоиз тоҷикон, 8 фоиз русҳо, боқиимонда дигар миллатҳои бародари мамлакатамонро ташкил менамуданд. Ҷамъ дар ноҳия 63 миллат, аз он ҷумла дар деҳот 41 миллат дӯстона умр ба сар мебаранд,
Агар соли 1921 дар маркази ҳозираи ноҳия якчанд хонаи поҳсагин мавҷуд бошад, имрӯз шаҳри ба номи шоир Мирзо Турсунзода дорои 5 ноҳияи хурд буда, дар солҳои оянда, шумораи ноҳияҳо ба 14 мерасад. Дар баробари он шаҳри Турсунзода дорои чандин корхонаҳои бузурги саноатии ҷумҳурист.
Агар солҳои 1923—24 дар мактаб-интернати Қаротоғ 58 нафар ятимон таҳсил карда бошанд ва соли 1936—37 дар ноҳия ҳамагӣ 39 синфхонаи таълимӣ амал карда бошад, имрӯз дар ноҳия 113 мактаб мавҷуд аст, ки дар он 42094 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Дар баробари он ду омӯзишгоҳи касбию

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё