Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Чӣ тавре ки қайд намудем, дар ҳудуди ноҳияи мо одамон ҳанӯз дар ҷамъияти ибтидоӣ умр ба сар мебурданд. Мардуми таҳҷоӣ дар кӯҳсору соҳили дарёҳо умр ба сар мебурданд. Сокинони нахустини ноҳия ба зироаткорию чорводорӣ машғул буданд.
Дар миёнаи асри VII дар водии Ҳисор мулки Чағониён сар то сари дарёи Сурхон (Чағонруд) ва қисмати ғарбии водии Ҳисорро бо шаҳри Чағониён (наздикии Деҳнав) дар бар мегирифт. Мавҷудияти мақбараи Хоҷа Нахшрон, ки асрҳои X—XII-ро дар бар мегирад, гувоҳи он аст, ки дар маркази ҳозираи ноҳия низ одамон умр ба сар бурдаанд.
Аз асри XIV то имрӯз тоҷикону ӯзбекон дар ҳудуди ноҳия дӯстона умр ба сар мебаранд. Ягонагии дин, расму оин барои ин миллатҳо боиси омехташавии забон гаштааст.
Дар ибтидои асри XX ҳудуди ҳозираи маркази ноҳия ниҳоят камаҳолӣ буд. Баъди солҳои 20-ум аз нав маскангирии аҳолӣ ривоҷ ёфт.
Соли 1929 мавзеи имрӯзаи маркази ноҳия найзоре буд, ки аз дарунаш овози шағолҳо шунида мешуд ва дар як канори найзор як хоначаи бедару бетиреза (вагон) меистод, ки дар девори он бо ранги сафед «Станцияи Регар» навишта шуда буд. Вақте ки якумин поезд ба ин ҷо омад, деҳачаи Регар аз истгоҳи имрӯзаи роҳи оҳан хеле дуртар буд.
Соли 1954 нависанда П. Лукницкий яке аз бошишгоҳҳои саҳрои колхози ба номи Киров, ки ба он Аскаралӣ Мирзоев раисӣ мекард, бо яке аз сокинони нахустини маркази деҳаи Регар Турсуни Аҳмад ҳамсуҳбат шуд. Ӯ чунин гуфтааст: «Дар ин ҷойҳо пештар чизе набуд. Ботлоқзор буду гунҷишк ҳам пар намезад. Дар найзорҳо хуки ваҳшӣ хона дошт. Дар баландии қишлоқчаи Ширештеппа воқеъ буд, ки дар он 2—3 бой зиндагӣ мекард ва онҳо ҳам аз калтакладорони сурх тарсида гурехта рафтанд. Падараш — Аҳмадалии Тӯйчӣ тобистони соли 1928 ба ин ҷо аз Олтиариқ ном деҳаи водии Фарғона бо мақсади шикор кӯчида омад. Ӯ ҳамроҳи 4—5 каси дигар артели «Шикорчиён»-ро ташкил намуд. Онҳо заминҳои корамро дида, дар ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё