Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

лозим аст. Барои бастани маҷрои оби дарё ҳамаи шароитҳои мусоиди табиӣ мавҷуданд. Ин чораҷӯӣ аввало пеши роҳи обхезиро мегирад ва сониян об барои қонеъ кардани эҳтиҷоти хоҷагии халқ самаранок истифода мешавад. Барои сохтани обанборҳо тангноҳои табиӣ ва масолеҳи сохтмон ҳаст, ки ин сохтмони обанборро осон ва арзиши онро кам мекунад. Сохтмони обанбор барои дамгирии аҳолии шаҳру деҳот шароит фароҳам меорад. Ба воситаи қубурҳо оби зеризаминиро гирифта, онро барои истеҳсол кардани маҳсулоти хоҷагии халқ истифода бурдан лозим аст (64).

Тобистони соли 1975 дар даромадгоҳи дарёи Қаротоғ сохтмони даргот оғоз ёфт, ки он майдони 1,5 га заминро ишғол кардааст. Ғунҷоиши оби он $470\text{ м}^3$ мебошад. Обанбор 5 дарвозаи худкушо дорад. Сохтани ин даргот имконият дод, ки оби дарёи Қаротоғ ба миқдори муайян ба канали Қаротоғ ҷорӣ гардад.

Дар айни замон соҳили дарготи «Қаротоғ» табиати нотакрор дорад. Канали афсонавии «Фарҳоду Ширин» ба табиати даргот ҳусни нав зам менамояд.

Дарготи «Қаротоғ» соли 1974

пешина
аз 214
навбатӣ