Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Ин дарё аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор сар мешавад. Майдони обгириаш 550 км², баландии миёнаи он 277 м-ро ташкил мекунад. Тӯли дарёи Ширкент то ба якҷояшавии дарёи Қаротоғ 57 км аст. Ин дарё асосан аз барфу пиряхҳо об мегирад. Оби дарёи Ширкент то водии Ҳисор баромадан дар дараҳои танг ҷорӣ мешавад. Баъди ба водӣ баромадан маҷрои дарё дар баъзе ҷойҳо васеъ ва танг мегардад. Аз шимолтари шаҳри Турсунзода то ба дарёи Қаротоғ ҷорӣ шудан, маҷрои дарё бо роҳи сунъӣ танг карда шудааст. Васеъгии дарё дар баъзе ҷойҳо 50—60 м ва аз ин зиёдтар аст. Оби дарё гоҳ соҳили рост ва гоҳ соҳили чапро шуста меистад.
Мушоҳидаҳои бисёрсола нишон доданд, ки сарфи миёнаи оби дарё бисёртар ба моҳҳои октябр — феврал рост меояд. Қимати он ба 2,0 м³/сония мерасад. Аз моҳи март оби дарё зиёд мешавад ва он то даҳрӯзаи аввали моҳи июл давом мекунад. Сарфи зиёдтарини об ба моҳи май рост меояд, ки қимати он ба 21,2 м³/сония мерасад. Сарфи миёнаи бисёрсолаи об 10,2 м³/сония мебошад.
Обовардҳои дарёи Ширкент дар наздикии пости гидрологии Чари — Сурх ба 3 кг/м³ мерасад. Дарё аз майдони обгирӣ соле қариб 178 тонна ҷинсҳоро шуста мебарад. Лойолудии миёнаи дарё ба 0,30 кг/м³ баробар аст. Оби дарё баҳорон серлой мешавад, зеро дар натиҷаи бориши пуршиддати борон сел ба амал омада, ҷинсҳои ҳавзаро шуста мебарад. Дар ҳамин вақт обовардҳои дарё ба 1,2 — 1,5 кг/м³/сония мерасад.
Системаи обёрии Ҳисор дар ноҳияи Турсунзода ба ғайр аз манбаъҳои оби дарёҳои дар боло гуфташуда, обҳои зеризаминии бисёре дорад. Дар маҷрои поёни дарёи Ширкент, дар мавзеи роҳи оҳани Тирмиз — Душанбе ва қисми поёнтари он чоҳҳо кофта шудаанд. Таркиби минералии ин обҳо аз оби дарёҳо фарқ надорад, вале аз он истифода намебаранд ва беҳуда ба дарёҳо ҷорӣ мешаванд. Дар фасли тобистон дарёи Ширкент зироатҳоро бо об таъмин карда наметавонад. Бинобар он барои қонеъ кардани талаботи ба об доштаи зироатҳо тадбирҳо андешидан лозим аст. Баҳорон дар айёми серобӣ маҷрои оби дарёро бастан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё