Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Аз ҳудуди ноҳияи Турсунзода ду дарё — Қаротоғ ва Ширкент ҷорӣ мешавад.
Дарёи Қаротоғ. Ин дарё аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, аз қуллаи Шӯро, ки аз сатҳи баҳр 4400 метр баландӣ дорад, сар мешавад. Тӯли он 99 км буда, майдони обгириаш 648 км² ва сатҳи умумии ҳавзаи он 2430 км² аст. Баландии ҳавзааш 2560 м. Дар баъзе ҷойҳо васеъгии водии дарё ба 250—300 м. мерасад. Маҷрои дарёи Қаротоғ ба ҳамворӣ мебарояд ва водии он тағйир намеёбад. Васеъгии водӣ дар назди деҳаи Қаротоғ 300 м. буда, дар назди деҳаи Заргар ба 3000 м. мерасад. Дар майдони обгирии ин дарё бориш бисёр мешавад ва назар ба ҳавзаи дарёи Тӯпаланг сарҳади барфӣ поёнтар мегузарад. Бинобар он дарёи Қаротоғ дарёи сероб мебошад. Аз сабаби поёнтар гузаштани сарҳади барфӣ ва бисёрии пиряхҳо қариб 33 фоизи оби дарё дар моҳҳои июл—сентябр ҷорӣ мешавад.
Дарёи Қаротоғ аз барфу пиряхҳо ғизо мегирад. Он заминҳои обии ноҳияи Ҳисор ва Турсунзодаро бо об таъмин мекунад ва манбаи асосии оби ҳамин ноҳия мебошад. Дарёи Қаротоғ дар роҳи бисёр сою дарёчаҳои обаш доимӣ ва мавсимӣро муттаҳид мекунад. Сарфи миёнаи оби солона ва якчандсола фарқияти мухталиф дорад. Оби дарё нимаи моҳи май зиёд мешавад ва он то аввали моҳи июл давом мекунад. Дар ин давра сарфи оби он аз 25м³/сония то 100м³/сония тағйир ёфта меистад. Оби дарёи Қаротоғ назар ба оби дигар дарёҳои водӣ лойолудтар мебошад. Миқдори обовардҳои дарё дар пости гидрологии назди деҳаи Қаротоғ 5,6 кг/сонияро ташкил дода, миқдори солонаи он ба 4,5 млн. т. мерасад. Ҳамин тариқ, аз сатҳи 1 км² манбаи обгирии дарё соле 6900 тонна ҷинсҳои лозимӣ шуста мешаванд. Дарёи Қаротоғ шохобе бо номи Оқарсой низ дорад. Майдони ғизогирии он 38 км² буда, баландии миёнаи он 1840 м аст. Сарфи миёнаи оби бисёрсолан Оқарсой 0,62м³/сония мебошад. Азбаски ҳавзаи обгирии дарё баланд нест, обашро асосан аз барфу борон ҷамъ мекунад. Бинобар ин дарёи Оқарсой март—май сероб мешавад (64. саҳ. 26).
Дарёи Ширкент шохоби дарёи Сурхон буда, аз тарафи вилояти Сурхондарёи ҶШС Узбекистон ҷорӣ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё