Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

урда 79635 гектар майдон дошт. Ба ҳамин хоҷагӣ соли 1974 аз кишвари Приморйеи Шарқи Дур 100 сар оҳувони холдори сибирӣ оварданд. Ва онро дар майдони 300 гектар панҷарасим гирифта мамнӯъгоҳи оҳупарвариро сохтанд. Соли 1983 шумораи оҳувон ба 360 сар расид ва аз шохи он 20 кг панта гирифта шуд (63).

Аз якуми июли соли 1988 хоҷагии ҷангали «Қаротоғ» ба ҳайати ноҳияи Турсунзода гузашт.
Майдони умумии хоҷагӣ дар айни замон 77000 гектарро ташкил менамояд, ки 2000 гектараш майдони ҷангалзор ва 5500 гектараш майдони ғайриҷангалӣ мебошад. Майдони умумии мамнӯъгоҳи оҳупарварӣ ба 525 гектар расид. Соли 1988 аз шохи оҳувон 52 килограмм панта гирифта шуд. Панта (муг), шохи нарми гавазн, оҳу, ки бо пӯсти мулоим ва мӯйдори махмалин пӯшида шудааст. Пантаро аз гавазни сибирӣ (морал. изюбря) ва гавазни холдор бурида мегиранд. Баъди онро бо усули ҷӯшонидан ва хушконидан консерв карда, барои истеҳсоли доруи пантокрин чун ашёи хом истифода мебаранд. Соли 1990 дар ин хоҷагӣ арзиши як килограмм панта 800 сӯмро ташкил намуд.

Хоҷагии ҷангали «Қаротоғ» ба давлат бештар аз 50 намуди маҳсулот месупорад. Чунончӣ, соли 1990 хоҷагӣ 7,3 тонна асал, ба миқдори 57 ҳазор сӯм пӯст, 6,5 тонна настаран, 16 тонна ревоҷ, 70 ҳазор дона ҷоруби ёбоӣ, 6 тонна пиёзи анзур, 20 тонна угросич (угернияи виктория), 400 метри мукааб ҳезум, 6 тонна донакмева, 10 тонна меваи хушк ва як тонна гиёҳҳои шифобахшро ба даст оварда ба давлат фурӯхт. Дар хоҷагӣ бештар аз 115 нафар коргарон кор мекунанд (70).

ОБҲОИ ДОХИЛИИ НОҲИЯ

Дарёҳои ноҳия аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ғизо мегиранд. Ин қаторкӯҳ аз қуллаи Такалии Шарқии қаторкӯҳи Зарафшон сар мешавад. Дарёҳои водии Ҳисор шоҳобҳои дарёи Аму буда, ба воситаи он ба баҳри Арал мерезанд. Дарозии умумии дарёҳои водии Ҳисор 1437 километр мебошад.

пешина
аз 214
навбатӣ