Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

чамилак, заъфарон, савсан, ҳолмонақ, испаноқ, чаҳир, роҳдавак, ровак, рошак, шунун, қамчинбутта, мармарак, чавак, зардсарак, пудинаи кӯҳӣ, буя, сунбул, мусаллас, зирк, косуруб, мисбоқ, сеалаф, чукрӣ, ихроҷ, қонтеппар, тӯтиё, кравшак, ҳазориспанд, қаретӣ, кучала, торон, қоку, қот, зира пиёзи кӯҳӣ, мушхор, хоҷ, кӯти корсон, чокула, азимдору қавра, санчараску, ҷулба, яхмонақ ва ғайраҳо дар дашту адирҳои ноҳия мерӯянд.

Олами хоки ноҳия гуногун аст. Хоки водиҳо ва доманакӯҳҳо хокистарранг, кӯҳҳо — дорчинранг ва хокҳои даштию бешадаштии кӯҳӣ ба чашм мерасанд. Барои истифодаи хок ва муҳофизати он хоҷагии ҷангали ноҳия майдони буттазорҳо ва дарахтзорҳоро васеъ менамоянд. Хокҳои доманакӯҳҳо ва водиҳо серҳосил мебошанд.

Олами ҳайвоноти ноҳия низ гуногун аст. Намояндагони синфу отряди ҳайвоноти ширхӯр, хояндаҳо, хазандаҳо, паррандаҳо ва дигар намояндагони гурӯҳи ҳайвоноти Тоҷикистон вомехӯранд. Чунончӣ, аз ҳайвоноти ваҳшӣ, хирс, гург, гуроз, рӯбоҳ, қашқалдоқ, суғур, чайра; аз хазандагон сангпушт, морҳо, калтакалос; аз паррандагон кабк, булбул, сангодавак, гунҷишк, майна, фароштурук ва ғайраҳо вомехӯранд.

Зери замини ноҳия ва сатҳи берунии он аз канданиҳои фоиданок бой аст. Захираи ангишти бӯр дар ҳавзаи «Тошқӯтан»-и дараи Қаратоғ, фосфоритҳо, оҳаксанг, доломит, кварц, гили кварцдор, конгломератҳо ва ғайраҳо вомехӯранд. Дар соҳили рости дарёи Қаратоғ оби минералии «Қаратоғ» ёфт шудааст, ки аҳамияти саноатӣ дорад.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ «ҚАРАТОҒ»

Соли 1928 дар ноҳияи Регар (деҳаи Регар) нахустин артели «Шикорчиён» ташкил карда шуда буд, ки дар он 5 нафар шикорчӣ аъзо буд.

Соли 1931 хоҷагии ҷангали «Қаратоғ» дар ноҳияи Шаҳринав ташкил карда шуд. Дар хоҷагии ҷангал шикори ҳайвоноти ваҳшӣ, истеҳсоли равғани арча ба роҳ монда шуда буд. Соли 1983 хоҷагии ном

пешина
аз 214
навбатӣ