Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Баҳори соли 1984 Академияи хурди улуми Тоҷикистон тадқиқоти «Ширкент-2»-ро эълон кард. «Ширкент-1» аз ҳама калонтарин бозёфтҳои нақшаҳои динозавр дар Тоҷикистон мебошад. Дар ду мавзеи тадқиқотӣ, дар майдони 10 ҳазор метри мураббаъ 300 нишони нақши хазандаҳо мушоҳида шуданд.
Шакли ин нақшаҳоро ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст; ду гурӯҳи аввал сеангушта, бо ангушти борики дароз, ки намуди зоҳириаш нақши паррандаро шабоҳат дорад. Аз рӯи андоза 80 фоизи нақшаҳо дарозиашон 50 см буда, аз ҳамдигар каму беш фарқ мекунад. Гурӯҳи сеюм бошад, нисбатан калонтар, дарозиаш 65 см ва бараш 45 см мебошад. Ду гурӯҳи аввал исбот шуданд, ки онҳо тероподҳои дупо, гурӯҳи сеюмаш авроподҳои чорпо будааст (59. саҳ. 27—29).
Ҷои сеюми бозёфти динозаврҳо ба давраи юраи боло тааллуқ дорад. Ин нақшаҳо дар соҳили дарёчаи Харкуш (Пашмикӯҳна) ёфт шудаанд, ки дарозии нақшоҳо 70 см ва бараш 60 см мебошанд.
Дараи Ширкент табиати нотакроре дорад ва баробари он пурасрор мебошад. Дар ин ҷо яке аз ғорҳои аҷоиби ноҳия воқеъ аст. Он ғори Мӯмиёкамар ном дошта, паҳноиаш 20 метр ва баландиаш аз фарш то шифт 8 метр, чуқуриаш 15—20 метр мебошад. Дохили ғор хунук. Дар фасли зимистон макони даррандаю паррандаҳо аст.
ОЛАМИ НАБОТОТ, ХОК ВА ҲАЙВОНОТ. САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ
Набототи водию адирҳо, биёбонӣ ва нимбиёбонӣ мебошанд. Дар дараю кӯҳҳо, буттазорҳо ва бешаҳои сираки арҷаю заранг, дарахтони чинор, туғ, шумтол, бед, муруд, бодом, дӯлона, себ, олуча, токи худрӯ ва дигар гиёҳу буттаҳо вомехӯранд (63).
Мардуми кӯҳистон бештар аз 70 намуди гиёҳҳои шифобахшро мешиносанд ва онро аз замонҳои қадим инҷониб истифода мебаранд. Гиёҳҳои шифобахши ноҳия: арпабудиён, ангат, бунафша, банги девона, буғма, бобуна, гули хайрӣ (ғармаш), барги зулф, дисмоқ, настаран, чилбугум, чойқаҳак, татум, камар, амонқара,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё