Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

релефи ҳозираи ноҳия зери баҳр будааст.

Ёфт шудани нақшҳои ҳайвоноти мумқариз — динозаврҳо дар давраи Ширкент аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳақиқат то эраи кайназой дар ҳудуди ноҳияи мо осори онҳо боқӣ мондааст. Динозаврҳои ибтидоӣ аз мурғи хонагӣ калон набуданд. Аммо дар давраи юра таърихи замин, шаклҳои азимҷуссаи динозаврҳоро ба вуҷуд овард. Масалан, завроподи азимҷусса — чорпои алафхӯр ҳаёти дубаҳраро аз сар мегузаронид. Яке аз намояндагони онҳо бронтозаврҳо мебошанд, ки даро-зиашон 17 метр буд. Намояндаи дигари онҳо брахио-завр буда, дарозиаш 30-35 метр, баландиашон 12-15 метр, вазнаш 40 тоннаро ташкил медиҳад. Дар даво-ми эраи мезазой, зиёда аз 150 миллион сол пеш, ди-нозаврҳо дар тамоми хушкӣ паҳн шуда буданд.

Дар соҳили дарёи Ширкент се нишо3и нақши динозаврҳо мушоҳида шуданд; яке аз онҳо ба нимаи якуми давраи бур, дутои дигараш ба давраи юраи иб-тидой. Пайдоишашон ба эраи мезазою кайназой таал-лук дорад. Ду нишонааш дар қисми ҷанубии дарё ва як нишонааш дар қисми шимолии Пашмикӯҳна ёфт шудаанд. Дарозии нақшҳо ба ҳисоби миёна ниммет-рию барашон 30 сантиметрӣ буданд. Дарозии қадам-ҳояшон 75 сантиметр, чун қадами одам буданд. Соли 1964 академик С. А. Захаров онро ба ҷинс ва намуди динозавр аз зеротряди теропад (динозаври азимпой) хазандаи вазнини серпой номид. Тарзи ҳаёти он ба ҳайвоноти хоянда шабоҳат дошт.

Тадқиқоти динозаври ширкентӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки он дар давраи гарм шудани оби баҳри альби (110 миллион сол пеш) зиндагӣ мекард. Инро ёфт шудани нармбаданҳои шикампои собит менамо-янд... Сурхтоб шудани ранги ҷинсҳои кӯҳӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи пайдоиши хушкӣ бодхӯрдашавии кимиёвӣ ба амал омада буд. Намно-кии мувофиқ ба пайвастшавии оҳан сабаб гашт ва рангпайдошавӣ ё пигментизатсия ба амал омад. Дар иқлими гарми альби дар баҳрҳо ҷинсҳои бодхӯрдашу-ди ордмонанд таҳшин шуда, қабати часпакро ҳосил намуданд. Динозаврҳо моҳӣ ва ҳайвоноти дигари баҳриро истеъмол менамуданд.

пешина
аз 214
навбатӣ