Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
қисми ҷанубӣ ва шимолиаш аз адирҳо ва кӯҳҳо иборат аст. Балландиҳои мутлақ дар водӣ 600-800 метр, дар қисми ҷанубӣ то 1500 метр, қисми шимолӣ бошад, то 3000 метр ва аз ин зиёдтар қомат рост кардаанд. Баъзе қуллаҳои қаторкӯҳи Мачитлӣ аз сатҳи баҳр дар баландии 4400-4700 метр воқеъ гаштаанд. Дарёи Қаротоғ дар даҳани Батош, ноҳияи Турсунзодаро аз ноҳияи Ҳисор ҷудо менамояд. Дар қисми ғарбӣ, ноҳияи Сариосиёи ҶШС Узбекистон воқеъ гардидааст (20.саҳ. 456).
Аз ҷиҳати сохти геологӣ ҷинсҳои сатҳи хушкӣ ба охири эраи мезозой ва эраи кайнозой мансуб буда, кӯҳҳо бошанд, дар давраи кӯҳпайдошавии алпӣ ба вуҷуд омадаанд. Мо дар ҳар куҷо гилҳои сурхҷатоб, конгломератҳои давраи неоген, қабатҳои ғафси оҳаксангро дар ҳудуди ин ноҳия барҷаста мушоҳида мекунем.
Аслан, ҳудуди ҳозираи Тоҷикистони ҷанубӣ дар эраи палеозой ба вуҷуд омада буд. Дар охири палеозой ва давоми мезозой дар ҷои депрессияи Тоҷикистон ду хамии арзӣ инкишоф меёфт: яке васеъ дар Тоҷикистони ҷанубӣ, дигаре танг — барқади доманаҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор. Дар ин хамиҳо дар давраи юра халиҷҳои баҳрӣ ба вуҷуд омаданд, ки гоҳ меафзуданд ва гоҳ хушк мешуданд ва дар онҳо тағйирёбии шароити баҳрию континенталӣ то худи палеоген давом дошт. Дар зери ин халиҷҳо ангишт, гил, намак ва боқимондаҳои олами набототу ҳайвоноти давраи юра таҳшин мешуданд, ки барои ҳосил шудани ангишту нефт масолеҳ гардидаанд. Сохти геологии ноҳия дорои далелҳои исботкунандаи таърихию геологӣ мебошад. Рельефи ҳозираи ноҳия аз ҷиҳати сохти геологӣ мураккаб аст. Кӯҳҳои ҷавон бо қуллаҳои тези барфпӯшаш, ҳаракатҳои кӯҳпайдошавии алпиро идома медиҳанд. Дар баробари ин ба минтақаи заминҷунбиҳои 7-9 балла мансуб мебошад.
БОЗЁФТҲОИ ПАЛЕОНТОЛОГӢ
Бозёфтҳои палеонтологӣ дар ҳудуди ноҳия аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳақиқат, дар замони барвақт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё