Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

-Дар дараи Қаратоғ чашмаҳо бисёранд ва сокинони деҳаҳои Аршӣ, Налбек ва Шӯрхок аз оби зулоли онҳо истифода мебаранд. Оби чашмаҳо тобистон хунук ва зимистон гарм аст. Дар дараи Қаратоғ шаршараи Аршӣ 17 м, Налбек 14 м баландӣ доранд (63).

ТАҚСИМОТИ МАЪМУРИЮ
ТЕРРИТОРИЯВИИ НОҲИЯ

2 сентябри соли 1920 дар Бухоро инқилоби халқӣ ғалаба кард. 8 октябри соли 1920 ҶХШ Бухоро эълон карда шуд. 20 феврали соли 1921 ноҳия аз дастаи босмачиён озод гардид. Аз 20 феврали соли 1921 то 23 августи соли 1923 тумани Қаратоғи кенти Регари Бухорои Шарқӣ. Аз 23 августи соли 1923 то 14 октябри соли 1924 ба ҳайати вилояти Сариосиёи Бухорои Шарқӣ, аз 14 октябри соли 1924 то 16 октябри соли 1929 ба ҳайати ноҳияи Қаратоғи ҶМШС Тоҷикистон, аз 16 октябри соли 1929 то 19 январи соли 1935 ба ҳайати ноҳияи Шаҳринави ҶМШС Тоҷикистон мансуб буд. 19 январи соли 1935 ноҳияи Регари ҶШС Тоҷикистон эълон карда шуд. 11 ноябри соли 1936 ҳудуди ҳозираи ноҳия пурра ҷудо карда шуданд. 17 декабри соли 1952 маркази маъмурии ноҳия, шаҳри Регар эълон карда шуд. Аз соли 1929 то охири соли 1959 Шӯрои қишлоқи Қаратоғи имрӯза ба ҳайати ноҳияи Шаҳринав мансуб буд. Охири соли 1959 ноҳияи Шаҳринав ба ноҳияи Ҳисор ва ноҳияи Пахтаобод ба ноҳияи Регар муттаҳид карда шуд. Дар баробари он Шӯрои қишлоқи Қаратоғ ба ноҳияи Регар муттаҳид гашт.

17 феврали соли 1978 маркази ноҳияи шаҳри Турсунзода ва 6 декабри соли 1979 номи тамоми ноҳия номи М. Турсунзодаро гирифт.

Дар айни замон территориявии ноҳияи Турсунзода 1175,4 километри мураббаъ буда, дорои 9 Шӯрои қишлоқ ва 125 деҳаҳои аҳолинишин, ки дар он бештар аз 10 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд, иборат аст (65).

Сарҳади ғарбии ноҳия бо ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхандарёи ҶШС Узбекистон, сарҳади шарқиаш дар деҳаи Батош аз ноҳияи Ҳисор ҷудо мешавад.

пешина
аз 214
навбатӣ