Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дида ғазал мехонад. Ҳазрат мефармояд, ки ӯро наз­дик баранд. Ҳазрат аз Шоҳмашраб мепурсад.— Эй де­вона аз куҷо омада истодай? Шоҳмашраб ҷавоб ме­диҳад, ки аз Намангон омадам. Ҳазрат мепурсад, оё ту аз шеърҳои Ҳофизи Шерозӣ чизе медонӣ? Шоҳ­машраб байтҳои зеринро мехонад:

Онҳо, ки хокро ба назар кимё кунанд,
Оё бувад, ки гӯшаи чашме ба мо кунанд.
Дар дами нуҳуфта беҳ зи табибон мудраъӣ,
Шояд, ки аз хазоини ғайбаш даъво кунанд.

Ҳазрати Оффоқхӯҷа дастонашро бардошта гуфт, ки бас кун, ки агар аз ин зиёд боз ғазал хонӣ, сӯхта хокистар мегардам. Беҳтараш, ки ғазалҳои худат­ро хон.

Ҳазрати Оффоқхӯҷа бо назари илтифот ба қалби Шоҳмашраб назар кард, ба китфонаш зад, тасалло дод ва меҳрубонӣ намуд. Дар ин ҳолат Шоҳмашраб ба замин афтида, мисли мурғи бисмил аз ҳуш рафт. Оффоқхӯҷа сари ӯро ба сари зонуяш гузошт, ҳис кард, ки дар ботини Шоҳмашраб чароге фурӯзон аст. Оффоқхӯҷа ба сӯфиёни дарбор нигариста гуфт: «Эй сӯфиён гувоҳ шавед, ки номи ин девонаро Машраб мондаам». Машраб ҳафт сол ба Оффоқхӯҷа хизмат мекунад. Се сол ҳезум ва се сол об мекашонад. Як сол дар даргоҳи ҳазрат масту аласт мегардад. Ӯ як пӯстини ҷарминро ҳафт сол мепӯшад ва дар ин бо­ра чунин мегӯяд:

Эй бародарлар кийибман бир кийимни ети йил,
Бас машаққат тортмагунча лойиқи дидор эмас

Мувофиқи ривоятҳои мардуми имрӯзаи музофо­қи Қошғари Хитой, 5—6 аср пеш дар давраи ҳукм­ронии Маҳмуди Қошгарӣ Оффоқхӯҷа дар Қошгар умр ба сар мебурд. Имрӯз ҳамаи диндорони Қошгар номи Оффоқхӯҷаро хуб медонанд ва ба рӯҳи ӯ саҷ­да мекунанд (62).

Аз эҳтимол дур нест, ки Оффоқхӯҷа дар нимаи дуюми асри XVII умр ба сар бурдаасту дар охири ҳамин аср аз олам гузаштааст. Дар «Девон»-и Маш­раб мусаббат шудани ному ғазалиёти Ҳофизи Шеро-

  1. Машраб Бобораҳим (1657—1711) шоири узбек.
пешина
аз 214
навбатӣ