Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

рафиқи чандсола бошам. Ҳамаи калимаҳо барои ман фаҳмо буданд. Акнун камина ба хулоса омадам, ки дар ҳақиқат мардуми Самарқанд бо мардуми Қаротоғ робитаи хешигарӣ доранд. Ин мушоҳидаи ман даъвои болоро тақвият медиҳад. Дар деҳаи Қаротоғи имрӯза одамон ҳанӯз аз асри I — II-и пеш аз милод зиндагӣ мекарданд. Дар асрҳои XIV ва XVI Қаротоғ сераҳолӣ шуд. Аз қадимулаём вуҷуд доштани деҳаро қабристонҳои зиёде низ исбот менамоянд, ки майдони 60 — 70 гектарро ишғол кардаанд. Бисёр қабрҳо тамоман ҳамвор шудаанд, ки онро бо чашм мушоҳида кардан ғайриимкон аст.

Ба ақидаи пирони деҳа, ки аз забон ба забон гузашта, то ба имрӯз ба шакли ҳикояву ривоят боқӣ мондааст, ин асрори қабрҳои нишондор мебошад. Яке аз қабрҳое, ки мардуми деҳа ва мардуми қошғарӣ, то имрӯз муқаддас мешуморанд, ин қабри «Оффоқхӯҷа (Хӯҷаи муҳтарам) мебошад. Мувофиқи сарнавишти китоби «Шоҳмашраб», Оффоқхӯҷа дар ҳамин деҳа аз олам гузаштааст. Қошғариҳои Хитой Оффоқхӯҷаро пабераи ҳаждаҳуми Муҳаммад алайҳиссалом мешуморанд. То имрӯз мардуми қошғарие, ки дар Тоҷикистон ва Узбекистон зиндагӣ доранд, ба зиёрати ин марқад меоянд. Оффоқхӯҷа яке аз соҳибилмони мардуми қошғари Хитой будааст. Мо дар китоби «Девони Машраб» маълумотҳои зиёдеро ёфтем: «Шоҳ-Машраб аз Намангон баромада, ба шаҳри Уш (Ош) ва аз он ҷо, ба шаҳри Қошғар барои зиёрати ҳазрати Оффоқхӯҷа меравад. Ҳангоми ба дарбори ҳазрат наздик шудан, ғазалеро мехонад: (12-27).

Азалдин то абад дӯстлар ҳамеша оҳ деб келдим, Тилимда рабиял аъло яна оллоҳ деб келдим.
Ки сан авлоди Пайғамбар отинг дур ҳазрати Оффоқ Ки навмед кӯймагайлар ким улуғ даргоҳ деб келдим.

Ҳазрати Оффоқхӯҷа ин ғазалро шунида ба сӯфиёни дарбор мегӯяд, ки чаро шумоён намешунавед, ки ин девонаи бечора ба ин ҷо омадааст? Биравед ва ӯро ба назди ман биоваред. Сӯфиён Шоҳмашрабро ба назди ҳазрат меоранд. Ҳазрат мебинад, ки ӯ бараҳна ва пойлӯч аст, аз чашмони Шоҳмашраб оташ барқ мезанад. Шоҳмашраб ҳазрати Оффоқхӯҷаро

пешина
аз 214
навбатӣ