Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Чунин азобу шиканҷа халқро маҷбур сохт, ки рӯ ба ғарибӣ оварад, аз шаҳрҳо ба дараю пуштаҳо маскан гирад. Мисоли равшан он аст, ки дар қисми шимолтари дараи Қаротоғ турку барлосҳо маҳаллаҳои хурди аҳолинишин ба вуҷуд оварданд.

Деҳаҳои Ойборик, Оқҷар, Қизилалма, Рикӣ. Оғилակ. Дӯнгӣ, Уртабӯз, Навӣ, маҳалҳои турку барлосҳоянд. Номҳои деҳаҳо баъзан мансуби забони туркиянд. Чунончӣ, Қӯшбулоқ (Ду чашма), Ёруктош (Санги кафида), дигар маҳалҳои тоҷикнишин Аршӣ (Ҷой баланд), Шунук (Шуднекӣ), Патру (Бадрӯ), Савургон (Сабргоҳ), Лабиҷай (Лабиҷар), Пуштимиёна (Миёнаи кӯҳ), Шӯрхок (Шӯрапушт), Налбек (Лаълибибӣ). Чӯшонак (Деги Кӯҳна) ва амсоли онҳо (61).

Маънои аслии Қаротоғ «Қарияи тоқ» аст. Мафҳуми «қария» — қишлоқ ё деҳа мебошад. Мафҳуми «тоқ» ин танҳо аст. Яъне қишлоқи танҳо. Аммо дар байни мардуми дараи Қаротоғ равияҳои зиёде нисбати ин ном ҷой доранд. Ба ақидаи гурӯҳи якум, Қаротоғ — калимаи туркӣ, маънояш «Кӯҳи сиёҳ» Қара — сиёҳ, тоғ — кӯҳ аст. Гурӯҳи дуюм ақида доранд, ки аслан Қаратуғ. Қара — сиёҳ, туғ — асо аст. Ин ном гӯё дар асри XIV, дар давраи ҳукмронии амир Ҳусайн ва амир Темур пайдо шуда бошад. Яъне ҳангоми рӯ ба ғарибӣ овардани мардуми Самарқанд, онҳо асои охирини худро аз кӯҳи сиёҳ гузашта, гузашта бошанд.

Бо мақсади исботи ин ақидаҳо тобистони соли 1983 бо ходими калони илмии Донишкадаи таърихи ба номи А. Дониши Академияи Улуми Тоҷикистон Отаҷон Муродӣ ҳамкорӣ намудам ва барои мушоҳидаи забон, урфу одат ва дигар хусусиятҳои этнографӣ расо як моҳ дар Самарқанд будам. Самарқанд зодгоҳи ӯст. Падари 90-солаи ӯ низ одами таҳҷой, бисёр маслиҳатҳо дод ва ҳикояҳои хуб мекард (11).

Ман ҳамроҳи О. Муродӣ дар маъракаҳо иштирок намудам, аз суханронию рафтору амалиёти онҳо як ҷаҳон таассуроти тозае ҳосил кардам. Ба ақидаи ман қариб 90 фоизи забон, урфу одатҳои самарқандиён ба мардуми Қаротоғ монанд аст. Вақте ки бо одамон ҳамсӯҳбат мешудам, гӯё ки бо онҳо дӯсту

пешина
аз 214
навбатӣ