Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Темур дар Самарқанд ва дигар давлатҳои Осиё ба вуҷуд омадааст.

Соли 1370 дар Самарқанд амир Ҳусайн кушта шуд ва Темур амири тамоми Мовароуннаҳр гардид.
Темур мамлакатро бо кӯмаки хонҳои козиб Суюрготмиш ва писари ӯ Султон Маҳмудхон идора мекард.
Вай аз қабилаи ба худ наздики ҷағатойҳо, хусусан аз барлосҳо, гурӯҳи боэътимоде ташкил дод. Ба барлосҳо ва умуман ба тоифаҳои ҷағатой имтиёзҳо бахшид.

Амир Темур бо мақсади ҳукмрон шудан дар тамоми дунё сиёсати ваҳшиёнаи худро ба кор мебурд.
Ҳар боре, ки Темур ба сафари дур мебаромад, аҳолии Самарқанд шӯриш бардошта аз сохти давлатдории ӯ норозигӣ баён мекарданд. Амир Темур соли 1372 нахустин дафъа Хоразмро забт намуд. Пойтахти Хоразм — Урганҷ бо фармони Темур ба замин яксон карда шуд. Сокинони ин шаҳрро ба Самарқанд кӯчонда, дар вайронаҳои шаҳри собиқ ҷав қошт. Соли 1391 Темур ба дубора барқарор кардани шаҳри Урганҷ рухсат дод.

Амир Темур соли 1387, ҳангоми забт намудани шаҳри Исфаҳон, ба аскарони худ фармон дод, ки 70 ҳазор нафар аҳолии бегуноҳро сар бурида аз сари онҳо «калламанора» созанд. Соли 1398 дар Ҳиндустон бо амри ӯ 100 ҳазор нафар асирон ба қатл расонда шуданд. Вай дар соли 1401 дар Димишқ аскарони худро фармуд, ки ҳар кадоми онҳо як сари бурида оваранд. Сипас, аз ин сарҳо калламанора сохтанд.

Ҳамон сол Темур шӯриши Бағдодро фурӯ нишонд, рӯзи иди қурбон ба аскаронаш амр кард, ки 90 ҳазор касро кушта, аз сери онҳо 120 калламанора созанд...

Соли 1383 амир Темур шӯриши Сабзаворро хобонда халқро ба ҷазоҳои сахттар аз марг дучор кард, бо амри ӯ одамони зиндаро дар байни хиштпораҳо гузошта ва аз болои онҳо оҳак ва гил рехта, деворҳои баланд бардошт. Якбора 4000 касро зинда ба зинда гӯр карданд. (9 саҳ. 647).

Ҳамин тавр, фирор овардани амир Темур ва сиёсати ваҳшиёнаи ӯ боиси азобу кулфати халқҳо гардид.

пешина
аз 214
навбатӣ