Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳақиқат гуфтаҳои боло ба охири асри XIV тааллуқ доранд.
Пирони солхӯрдаи имрӯзаи деҳаи Қаротоғ баъзан таърихи Қаротоғро ба 300 сол баробар медонанд, ин ҳам бошад, аз рӯи марқади Оффоқхӯҷа. Дар баробари он Машрабро муриди Оффоқхӯҷа ба забон мегиранд.
Дар сарчашмаҳои дигари таърихии динӣ, ки ному ҷои нашри он номаълум аст, сатрҳоеро мутолиа кардан мумкин аст, ки дар бораи ҷои фавти Оффоқхӯҷа ва Машраб маълумотҳо сабт шудаанд. Оффоқхӯҷа ҳангоми сафараш ба Самарқанд, ки он вақтҳо роҳи наздиктарини он тавассути Қаротоғ мегузашт, дар ҳамин деҳа аз олам гузаштааст. Машраб дар шаҳри Балхи Афғонистон фавтидааст.
То имрӯз мардуми деҳа ғазалҳои Машрабро аз насл ба насл гузаронда, дар сӯҳбатҳо қироат мекунанд.
Аз дигар тараф, дар рӯзгори мардуми деҳа олотҳое ҷой доранд, ки ба номи қошгарӣ мансубанд. Чунончӣ, косаи қошгарӣ, чойники қошгарӣ, чити қошгарӣ ва монандӣ онҳо.
Ҳамин тавр, дар бораи марқади Оффоқхӯҷа ривояту маълумотҳои гуногун ҷой доранд.
Дар ибтидои асри XVIII аз Самарқанд 25 нафар соҳибилмон ба Қаротоғ муҳоҷир шуда, дар ин ҷо маскан гирифтанд. Ва бо гузашти солҳо ин соҳибилмон дар оромгоҳи Қаротоғ дафн карда шуданд.
Инро катибаи санги сандуқи мазори эшони ин деҳа исбот менамояд. Катиба соли 1112-и ҳиҷрӣ ё 1734-и солшумории моро дар бар мегирад. Ин санги сандуқ андозаи 60х60х130 сантиметрро дорад. Онро тавассути уштурҳо аз Самарқанд ба ин оромгоҳ овардаанд. Дар рӯи санг катибае бо мухаммас мусаббат шудааст:
Илоҳӣ бандаи зору залилат,
Ба алтофи амимат бод маъмур.
Аҷаб небвад, ки аз шамъи иноят,
Ба зулматхонаи хокаш диҳӣ нур.
Ба вақфи номи ӯ дар рӯзи маҳшар,
Зи хели солеҳонаш дор машҳур.
Хирад гуфто ба таърихи вафоташ,
Ки бошад он ба чашми халқ манзур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё