Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Бузурги Ватанӣ. «Аз ҳавлии мо паси ҳам 5 нафарро ба набардҳои ҷангӣ даъват намуданд. Ман ва чор бародарам; Султон, Бекмурод, Ҳайдар ва Солеҳ. Аз набарди ҷанг танҳо ман ярадор баргаштам дар ҷангҳои назди Қӯрғону Москва шаҳид гаштанд. Инро аз рӯи «хати сиёҳ»-и дар дасти модарам буд, фаҳмидам. Модарам то соли 1948 чашмашон ба дарвоза буд, ки яке аз ҷигарбандонаш лоақал аз дар медароянд. Танҳо аз Султон «хати сиёҳ» наомада буд. Ҳангоми маргаш ҳам чашмонашро тамоман напӯшид. Ҳис кардам, ки ӯ ҳоло ҳам умеди омадани фарзандони ҷигарбандашро дорад. Бо чор ангуштам чашмони модари ҷонамро молиш додам, ашқҳоям рӯи чашми модарам рехтанд ва чашми модарам низ аз олам пӯшида шуд. Афсӯс...».
Исломиддин Шарифов — 69-сола, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Дар набардҳои ҷангӣ аскарон дар натиҷаи фалокатҳои гуногун шаҳид мешуданд. Бо чашми худ дидам, ки яке дар хандақ зери хок мемонд, дувуминро тири душман мекушт, сеюминро оби дарё мебурд, чаҳоруминро гуруснагӣ мекушт, панҷумин қаҳрамонӣ нишон медоду касе ӯро намедид, шашуминаш аз беморӣ, ҳафтуминаш худкушӣ, ҳаштуминро командири худ, нуҳуминашро ба муҳосира мегирифтанд ва амсоли онҳо. Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷанги сахтарине буд, ки таърихи инсоният онро надидааст...».
Чнде аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳаи Қаротоғ, шаҳид гаштани ҳамдеҳагони худро бо чашми худ дидаанд. Инак, ду иқтибосеро ба қалам меоварем;
Ғуломалӣ Алиев — иштирокчии ҶБВ, дорандаи ордени «Шараф».
«Ҳафизов Ҳикматро 25 ноябри соли 1943 душманон дар назди пулемёташ аз пешонааш парронданд. Пагоҳии дигар 27 ноябр Исматов Инояти шунукчиро ҳангоми амалиёти ҷангӣ, душманон бо снаряд зада ҳалок кунонданд. Ҳар ду ҳамяроқам — Ҳикмат ва Иноятро дар назди заводи тракторсозии Сталинград ба хок супоридам. Аз ин кор ҳамяроқу ҳамдеҳаам Имомназар Соҳибов хабардор аст».
Қодиров Қара — 82-сола, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. «Бо ҳамдеҳаам Латифов Бобоназар зимистони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё