Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Қазоқистон, 20 ноябри соли 1942 навишта шудааст. Ин мактуб баъди якчанд ҳафтаи ба набарди ҷангӣ рафтани ӯ омада буд.

Ҳангоми вохӯрӣ бо 600 нафар бародарону ҳамширагон, ҳамсарон ва хешу ақрабоҳои шаҳидони ҷанг ба хулосае омадам, ки онҳо то имрӯз хотираҳои боқӣ нисбати шаҳидони ҷанг доранд. (50).

Инак, чанде аз онҳоро далел меоварем;

Холова Сайрам — 86-сола. «Ду бародар доштам. Абдусамад ва Абдуҳамид Расулӣ. Зимистони соли 1941 ба набардҳои ҷангӣ даъват шуданд. Соли 1943 паси ҳам аз ҳардуяшон «хати сиёҳ» омад. Модарам — Ҳанифа аз шунидани ин хабари шум, ки аз номи ҷигарбандонаш ҳафтае тоқат накарда аз олам гузашт. Бародарони ба ҷону дил баробарам, яке дар синни 23, дигаре дар синни 25-солагӣ ҷавонмарг шуданд».

Насимов Баҳриддин — 62-сола. «Абдуҳолиқ Расулӣ, зимистони соли 1941 ба набарди ҷангӣ даъват шуд. Ӯ пеш аз ҷанг омӯзгор буд. Вақте ки Абдуҳолиқ «Даъватнома» гирифт, мӯи сарашро дар хона тарошид. Модараш — Соҷида мӯи сари ӯро ба болини зери сараш андохта дӯхт. Абдуҳолиқ ҳам ба ҷанг рафт. Соли 1944 аз Белоруссия «хати сиёҳ» омад. Модар аз соли 1941 то соли 1951 болине, ки андарунаш мӯи сари ҷигарбандаш ҷой буд, бӯй мекашид, то ки бӯи фарзанди ягонааш ба машомаш расад».

Қиматой Қодирова — 76-сола. «Усто Турсунқул се писар дошт. Маҳмадақул, Рӯзиқул ва Фатҳулло. Ҳар сеяшон паси ҳам ба набардҳои ҷангӣ даъват шуданд. Ҳангоми гуселонидани фарзанди кенҷагӣ ба ӯ либосҳои домодӣ пӯшонида ба кӯча баровард. Мардуми деҳа як села ҷамъ шуда буданд. Ӯ барои он либосҳои домодӣ пӯшонид, ки бо орзуҳои зиёде ҷома харида буду умед дошт, ки тӯи домодии яке аз фарзандонашро бо чашми худ бинад. Афсӯс... Усто Турсунқул аз рухсораи фарзанди охиринаш бӯсида дуо дод: «Роҳат сафед ҷигарбанди падар!». Мардум аз дуои пирамард доду фиғон бардоштанд. Он рӯз гӯё деҳаи Қаротоғ мотам дошт. Усто Турсунқул аз ҳуш рафта ба замин афтод. Аз се писар яке ярадор баргашту ду нафарашон қурбон шуданд».

Отабой Ашӯров — 67-сола, иштирокчии Ҷанги

пешина
аз 214
навбатӣ