Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Макбараи 36 нафар шаҳидон — омӯзгорони мактаби деҳаи Қаротоғ (09.05. 1991).
Ҳоло дар духтурхона мебошам. Боз хафа нашавед модарҷон. Боз маро ба духтурхонаи Иванов мебаранд. Хайр модарҷон!».
Баъд аз ин нома, дар дохили лифофае ба номи падари ӯ Ҳайдар як дона «Раҳматнома» омад, ки чунин мазмун дорад: «Сержанти ҷанговар Ҳайдаров Ҳотам. Раҳматнома барои озод кардани шаҳри Люблин, фармон аз 24 июли соли 1944 ва Минск — Мазовецк, фармон аз 31 июли соли 1944. Командири қисми ҳарбӣ: капитан Кузнецов».
Номаи дигари шаҳиди ҷанг — Азизов Фаттоҳ. «Ба бародари азизам Зарифӣ салом, ба ойбибем Саломат Ҷаҳонгирова салом, ба ойапем Ҳадяҷон Турақулова салом ва ба ҷиянам Пӯлод салом.
Бародарам Зарифӣ, ман дигар бародари калонӣ надорам. Агар тавонед, баробари расидани ин хат, талқону мавиз, қалам, пичи дафтар фиристед. Дар ин ҷойҳо нархи як килограмм нон 50 сӯм аст. Ман баъди ин ҷо омаданам дар мактаби командирӣ таҳсил намудам, ба ман рутбаи сержантӣ доданд. Ҳоло бошад командири взвод мебошам. Хайр...» (49). Ин мактуб аз стансияи Казалинский, вилояти Қизилордаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё