Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шуда бошанд, пас тасаввур кардан мумкин аст, ки аз ноҳияи Шаҳринав чӣ қадар кас талаф шуд.

Майдони Ғалаба дар шаҳри Турсунзода.

Аз ноҳияи Регар ва Пахтаобод мувофиқи маълумотҳои маҳфузгашта, 4623 нафар ба набардҳои ҷангӣ даъват шудаанд. Аз ин миқдор дар бораи 837 нафар «Шаҳидони ҷанг», «Хабарномаи фавт» маҳфуз асту халос! Ҷамъ аз ин ду ноҳия 1,5 ҳазор нафар аз набардҳо барнагаштанд. (46). Танҳо аз омӯзгорони деҳаи Қаротоғ 36 нафар дар набардҳои гуногуни ҶБВ ҳаётро баҳри Ватан падруд гуфтанд.

То имрӯз дар дасти мо номаҳои шаҳидони ҷанг маҳфуз аст. Инак, якчанд номаи шаҳидони ҷангро иқтибос меоварем.

Ҳайдаров Ҳотам, соли 1940 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват шудааст. 16 уми феврали соли 1943 ба модараш — Нигорой навиштааст; «Саломи ширину шакар аз ҷониби фарзанди шумоён.. Салом ба падарам, ба модарам ва ба укаҳоям. Модарҷон ман сиҳату саломат ҳастам. Як бор ба ҷанги сахттарин даромадам, аз сарам, аз дастам ярадор шудам.

пешина
аз 214
навбатӣ