Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳар хона паси ҳам 1-2 нафар баъзан 3-4 нафар
даъват ба сафи ҷанг гирифта мешуд.

Гусели аскарбачаҳо ба набардҳои ҷангӣ барои мардуми деҳа, рӯзи мудҳиш, рӯзи сиёҳ буд. Баробари фотиҳои пирони солхӯрдаи деҳа ва «нонгазон»
кардани модарон мардум фиғон мебардоштанд. Модарон абрувони ҷигарбанди худро мебӯсиданд ва падарон бошанд, ба оғӯши худ ҷигарбандонро гирифта бӯй мекашиданд. Баъд аз якчанд моҳи ангуштшумор шахсони алоҳидаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав номаҳои сегӯшаро, ки яке аз бурҷҳои он доғи сиёҳ дошт, ба валидону хешу ақрабоҳои аскарбачаҳо гуселшуда, бо маъюсию ғамгинӣ ва бо таскиндиҳиҳои пуралам месупурданд. Ин номаҳо тез номи худро ёфт, ки он «Хати сиёҳ» ба забон оварда мешуд. Баъзан баъди омадани «Хати сиёҳ» баъзе аскарбачаҳо ярадор бармегаштанд. Бисёр волидоне, ки ин гуна номаи шум ба даст гирифта буданд, боз чашми умед доштанд, ки ҷигарбандонашон низ бармегардад.

Баъд аз омадани номаҳои шум гуселонидани ҷигарбандони мардуми деҳа боз ҳам аламовару душвортар мегардид. Модарони дилсӯхта ба гусели аскарбачаҳо саф-саф аз ҳар кӯчаю маҳалла мебаромаданд.

Бисёр модароне, ки ҷигарбандашон дар набардҳои ҷангӣ буданд, аскарбачаи даъватшуда онҳоро медида бошад, саломҳои насия ва ҳазин мефиристоданд.

Мувофиқи маълумотҳои маъхази ҳарбии ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ва Регару Пахтаобод, варақаҳои ҷанговари Осорхонаи санъати амалию халқии деҳаи Қаротоғ, бештар аз 520 нафар аз деҳаи Қаротоғ ба набардҳои ҷангӣ даъват шуданд ва бештар аз 220 нафари онҳо дар ҷанг шаҳиду гумном гардиданд.

Дар давоми солҳои 1941-45 мувофиқи маълумотҳои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав, 2269
нафар ба набардҳои ҷангӣ аз маркази ноҳияи Шаҳринав даъват шудаанд. Аз ин миқдор танҳо дар бораи
391 нафар шаҳидони ҷанг варақаи «Хабарномаи
фавт» вуҷуд дораду халос. (45). Дар давоми ҷанг
бисёриҳо аз деҳаи Қаротоғу атрофи он буданду аз
дигар ноҳияҳо низ ба набардҳои ҷангӣ даъват шудаанд. Модоме ки аз як деҳаи Қаротоғ 220 нафар шаҳид

пешина
аз 214
навбатӣ