Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Соли 1946 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавоб шуд ва дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ва маҷаллаҳои бачагона ҳамчун рӯзноманигор кор кард.
Мустафо Шарқӣ муаллифи як қатор ҳикояҳои бачагона; «Ҷӯраҳо», (1958), «Ёдамчии бобо» (1960), «Одам ва шер» (1961), «Кабутари сулҳ» (1964) мебошад.
Аз соли 1961 аъзои Иттифоқи нависандагони ИҶШС мебошад. Соли 1969 китоби «Очеркҳо ва ҳикояҳо», «Меҳри модар»-ро ба хонандагон пешкаш намуд.
Соли 1975 маҷмӯи «Ҳикояҳо»-ро ба чоп расонд.
Як қатор асарҳои М. Шарқӣ ба забони русӣ дар Москва, Боку, Фрунзе ва дар шаҳри Душанбе тарҷума ва нашр шудаанд.
М. Шарқӣ барои хизматҳояш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо орденҳои ҷангӣ сарфароз гардидааст. (37.
саҳ—479).
Мустафо Шарқӣ 5-октябри соли 1985 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид ва ӯро дар зодгоҳаш Қаротоғ дафн карданд.
10-уми октябри соли 1990 ҳамдеҳагони шоир 70-солагии ӯро дар осорхонаи ба номи М. Турсунзода бо тантана ҷашн гирифтанд.
ФИРИСТОДАГОНИ ДЕҲАИ ҚАРОТОҒ БА
НАБАРДҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Хабари ваҳмангези Ҷанги Бузурги Ватанӣ баъд аз як рӯз тамоми деҳаро фаро гирифт. Аз карнаи радиои марказии ноҳияи Шаҳринав, овозаи сар шудани ҶБВ шунавонида шуд. Дар он давра бисёр фарзандони мардуми деҳаи Қаротоғ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати Ватанро адо менамуданд. Мардуми деҳа бедимоғ, дар ҳар куҷо ҷамъ омада, дар бораи ҷанги ногаҳонӣ гуфтугӯ менамуданд. Муроҷиатномаи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тавассути матбуоту радиои ҷумҳурӣ бетанаффӯс шунавонида мешуд.
Инак, варақаҳои «Даъватнома» ба ҷавонону миёнасолон даста-даста овардаю тақсим мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё