Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамид Обидӣ барои хизматҳои шоёнаш дар назди халқу Ватан бо медалҳои ҷангӣ, Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадр карда шудааст.

МУСТАФО ШАРҚӢ

М. Шарқӣ 11 октябри соли 1920 дар оилаи ресмонрес, дар гузари Қорихонаи деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор ба дунё омадааст. Шарқӣ тахаллуси нависандагии ӯст.

Падари шоир Усто Назар ном дошт. Ӯ соҳиби се фарзанд — ду духтару як писар буд. Писараш — Мустафоқул, духтаронаш — Санавбар ва Зебо. Усто Назар ду касб дошт; яке ресмонресӣ, дигаре обҷокӣ.

Чӣ тавре ки холаи Шарқӣ — Норбибӣ Саидоваи 95-сола нақл кард, усто Назар бисёр қашшоқона умр ба сар мебурд. Ӯ рӯзона ресмонресӣ мекарду шабона дӯконҳои бофандагии косибони Қаротоғро таъмир менамуд. Баъзан усто Назарро Назари обҷок мегуфтанд, чунки ӯ дар обу ҷоқи дӯконҳои бофандагӣ бисёр маҳорати калон дошт. Усто Назар соли 1937 дар синни 70-солагиаш аз олам чашм пӯшид. Модари Шарқӣ Мунавар ном дошт. Ӯ баъд аз корҳои хона ба калобаресӣ машғул мегашт. Соли 1945 аз олам чашм пӯшид.

Мустафо Шарқӣ (Назаров) аз соли 1928 то соли 1933 дар мактаби деҳаи Қаротоғ таҳсил намуд, минбаъд (таҳсилро) дар мактаб-интернати шаҳри Душанбе давом дод. Соли 1936 баъди хатми мактаб ба техникуми саноатии шаҳри Душанбе дохил шуд ва онро соли 1938 хатм кард. Дар ҳамон солҳо фаъолияти нависандагии ӯ оғоз ёфт ва ӯро ҳамчун котиби масъули рӯзномаи ноҳиявӣ ба Норак фиристоданд.

М. Шарқӣ соли 1940 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шуд. Ӯ дар қисми артиллерияи зенитӣ хизмат мекард. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муҳорибаҳои Камонаки Курск, Калинин, Сталинград ва озод кардани давлатҳои Аврупои Шарқӣ иштирок кардааст.

пешина
аз 214
навбатӣ