Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳикояҳои публисистии Ҳ. Обидӣ «Қадам ба саҳроҳои меҳнат», «Ҳасани қаҳрамон», «Халосӣ» хонандаро бо рафти ташкилёбии сохти колхозӣ, қаҳрамонии халқ дар пахтазор, муборизаи занонро барои озодӣ шинос менамояд. Ҳ. Обидӣ дар ин ҳикояҳояш рафторҳои душмани моҳилии социализмро фош кардааст.

Дар давраи пуртаҳлукаи ҷанг аҳли қалам бо суханони оташбору яроқи ҷоншикор душ ба души халқ бар зидди фашизм мубориза мебурданд. Ҳамид Обидӣ дар достонҳои «Писари партизан», «Ҷавонӣ ва қаҳрамонӣ» кирдори ваҳшиёнаи ҷалодони фашистиро, ки хоки Ватани моро поймол мекарданд ва ҳисси интиқоми халқро нисбат ба душман равшан ифода намудааст.

Достони «Ҷавонӣ ва қаҳрамонӣ»-и худро шоир ба қаҳрамонҳои майдони ҷанг Александр Матросов ва Ҳодӣ Кенҷаев бахшидааст. Ҳамид Обидӣ, ки худ иштирокчии муҳорибаи Курск буд, дар мисоли Ҳодӣ Кенҷаев фидокории ҷанговарони шӯроиро дар ин муҳорибаҳои шадиди аср ба қалам додааст.

Барои шаҳри Курск аз дилу ҷон
Чунин ҷангид бар зидди фашистон,
Шариконаш шаҳид гардида буданд,
Чу гул дар хуни худ пӯшида буданд...
(43).

21 сентябри соли 1943 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ба Ҳодӣ Кенҷаев унвони Олии Ватан — Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Ҳамид Обидӣ дар ин хусус чунин навиштааст:

Варо хонданд: «Шери Тоҷикистон!»
Бигуфтанд: «Зинда бош, эй марди майдон!»
Ватан хондаш варо фарзанди ҷонӣ,
Бидодаш номи неки қаҳрамонӣ.
(40).

Гарчанде ашъори Ҳ. Обидӣ аз ҷиҳати шеърият чандон фасеҳ набошад ҳам, бо оммафаҳмӣ ва рӯзмарра буданаш ба мардуми он солҳо хизмат кард.

Фаъолияти Ҳ. Обидӣ дар кори тайёр намудани рӯзноманигорони ҷавон, пешбурди матбуоти тоҷик ва иштироки шахсиаш дар ҳифзи Ватан барои мо арзанда аст,

пешина
аз 214
навбатӣ