Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Н. Маъсумӣ ро аз чоп баровард. Ӯ баробари адабиётшиносу забондониаш боз табъи шоирӣ низ дошт. Ин маҷмӯаи мукаммали шоир мебошад, ки дар он чил шеъри иҷтимоӣ, понздаҳ шеъри ишқӣ, ҳашт бахшоишнома ва панҷ достон гирд оварда шудааст. (78).

ҲАМИД ОБИДӢ

Ҳ. Обидӣ соли 1911 дар гузари Қорихонаи деҳаи Қаротоғ, водии Ҳисор дар оилаи бофанда ба дунё омадааст. Модараш Зулайхо, баъди ба анҷом расонидани корҳои хона ба чархресӣ машғул мегашт. Чӣ тавре ки холаи Обидӣ, бибии Нусратой нақл карда буд, модараш зани хушгуфтор ва маслиҳатгари занони гузар будааст (60).

Падараш Обидбой ном дошту қашшоқона бо косибӣ рӯз мегузаронд. Ӯ ду духтару як писар дошт: Бибираҷаб, Ҳикоятой ва Ҳамид. Обидбой писарашро дар синни 8-солагиаш ба мактаби кӯҳна (аниқтараш ба мадрасаи Қорихона) бурд. Ҳамид дар он ҷо ду сол савод омӯхт. Соли 1920 Обидбой аз олам гузашт. Ҳамиди даҳсола мактаби кӯҳнаро тарк карда хаскасию ҳезумкашӣ ва ба мардикорӣ машғул шуд, то ки ба оила мадад расонад (39).

Ба бахти Ҳамид соли 1921 ба Қаротоғ аз Бухоро аскарони сурх омаданд. Камбағалон ба рӯзҳои саодатманди озодӣ расида, орзуҳояшон ҷомаи амал пӯшиданд. Соли 1924 Иброҳим Юсуфӣ Ҳамидро ба мактаб-интернати Қаротоғ овард. Ӯ ҳамроҳи дигар камбағалони деҳа монандӣ Мирзо Турсунзода, Камол Имомов, Мухтор Ғуломов ва чанде дигарон дар ин мактаб таҳсил кард. Соли 1925 ба сафи комсомол дохил шуд, бори нахуст ба Душанбе рафта чун комсомоли фаъол ном баровард. Бинобар ҳамин, ӯро Бюрои ташкилии КМ ЛКСМ Тоҷикистон дар қатори дигар фаъолон барои ташкили шохаҳои (ячейкаҳои) комсомолӣ ба Қаротоғ вобаста намуд. (23. саҳ. 536). Ҳамид Обидӣ баъди ду соли таҳсил дар мактаб-интернати Қаротоғ вазифаи кашшофиро адо намуд (41). Аммо фикри идомаи таҳсил ӯро ором намегузошт. Соли 1928 Ҳ. Обидиро ба Донишкадаи муаллимтайёркунӣ

пешина
аз 214
навбатӣ