Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
соли 1943 дар Сталинград фавқулодда вохӯрдам. Дар зери дарахтони ҷангалзор овози ҷонгудози тоҷикӣ «вой оҷаҷон немурам»-ро шунидам. Зуд ба он тараф шитофтам. Ҷангалзор пур аз ҷасадҳои аскарони мо буд. Ярадорону ҳамшираҳои шафқати тиббӣ, болои ҷасаноҳо гузошта тавассути сагҳо ба қисмҳои тиббии наздиктарин мебурданд... Ман худамро ба Бобоназар шинос карда, ӯро ба оғӯш гирифтам. Ӯ сахт ярадор шуда буд. Ӯро ба қисми тиббии ҳарбӣ бурдам.
Бобоназар боз се рӯз умр дид. Ӯро ба хок супурдам.
Дар сари қабраш дуо хонда, як каф хокро ба машомам бурдам. Аз хок гӯё бӯи Тоҷикистон, бӯи Қаротоғи азизам меомад...».
Чанд тан «шаҳидони ҷанг»-ро, ки дар набардҳои гуногуни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри Ватан — Модар ҷоннисорӣ кардаанд, мувофиқи маълумотҳои маъхази ҳарбии ИҶШС, дар бораи ҷои фавташон мухтасар маълумот медиҳем. (45, 46).
Азизов Остон, соли таваллудаш 1914, аз оилаи бофанда. То ба набарди ҷанг даъват шуданаш, дар комиссариатҳои ноҳияҳои Шаҳринав ва Қӯрғонтеппа кор мекард. Ба набард соли 1942 даъват шуд. 31 январи соли 1944 дар деҳаи Тереновкаи вилояти Днепропетровск, дар ноҳияи Соджевск ҳалок гашт ва дар ҳамин ҷо ба хок супурда шуд.
Абдуллоев Саъдулло, соли таваллудаш 1914, аз оилаи бофанда. Соли 1941 ба набарди ҷангӣ даъват шуд, ҳамчун солдати қаторӣ хизмат кард. 4 октябри соли 1943 дар Белоруссия, вилояти Полесия, ноҳияи Комаринск, деҳаи Колабицкий дафн карда шуд.
Азизов Асомиддин, соли таваллудаш 1919, 28 апрели соли 1943 аз собиқ ноҳияи Шаҳринав ба набард даъват шуд. Дар полки 783-ум аскари қаторӣ буд. 25 июли соли 1944 дар деҳаи Гринлухи вилояти Пилтенеи Латвия қаҳрамонона ҷон нисор кард.
Азизов Иброҳим, соли таваллудаш 1910, 28 апрели соли 1943 аз деҳаи Қаротоғи ноҳияи Шаҳринав ба набард даъват шуд. 2 июли соли 1944 дар деҳаи Мартиновкаи ноҳияи Черневка, мансуб ба вилояти Могилёви ҶШС Белоруссия қаҳрамонона шаҳид гашт.
Азимов Ҳайдар, 1 августи соли 1943 дар шимолии
деҳаи Нежевск, ноҳияи Дмитровск, вилояти Курск

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё