Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

наёфтани пайвандак дар он аст, ки тобеияти ин гуна ҷумлаҳо ба интонасия хос мебошад, интонасияи тобеъкунӣ ба ҷои он ки сусттар шавад, баръакс, дар аввали ҷумлаи пайрав шиддатноктар ва баландтар ифода меёбад, ки он ба воситаи ҳиссачаи охир имконпазир мегардад. Агар дар чунин ҷумлаҳо пайвандаки тобеъкунанда ояд, интонация ба тарзе ки ҳаст, боқӣ намемонад ва калимаи охир чун ҳиссачаи таъкидӣ аҳамияти худро гум мекунад. Илова ба ин, ҳиссачаҳо барои ба ҳам алоқамандшавии калимаю ҷумлаҳо агарчӣ ҳамчун пайвандак истеъмол наёбанд ҳам, то як андоза роҳ мебозанд. Дар ин бора академик В. В. Виноградов хеле хуб гуфтааст:

«Ақидае, ки гӯё ҳиссачаҳо ҳеҷ гуна вазифаи синтаксисӣ надоранд ва аз ҷиҳати грамматикӣ хилофи пайвандак ва пешоянд мебошанд, бояд ғалат ва тасодуфӣ дониста шавад»22.

  1. Ҷумлаҳои сабаб-натиҷа. Тадқиқи ҷумлаҳои мураккаби тобеи бепайвандаки сабаб-натиҷа яке аз масъалаҳои басо душвор буда, дар илми забоншиносии тоҷик тамоман кор карда нашудааст, дар забоншиносии ватанамон бошад, дар ин бора фикрҳо мухталифанд, зеро дар ин шакл ҳам ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави сабаб меояд ва ҳам бо пайрави натиҷа. Агар ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави сабаб бошад, сарҷумла ҳамчун натиҷаи ҷумлаи пайрав дар ҷои дуюм меояд ва баръакс, агар ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави натиҷа бошад, сарҷумла дар ҷои якум меояд, яъне хоҳ сарҷумла бошад ва хоҳ ҷумлаи пайрав, сабаб дар ҷои аввал ва натиҷа дар ҷои дуюм меояд. Аммо кадоме аз онҳо пайрав ва кадоме сарҷумлаанд? Ба ин савол З. И. Кличникова чунин ҷавоб медиҳад:

«Ҷумлаҳои бепайвандакро ба сабаб ва натиҷагӣ ҷудо кардан тамоман сунъист... Дар ҳолати тобеияти сабаб-натиҷа ин ва ё он ҳиссаро ба сарҷумла ва ё ҷумлаи пайрав мансуб донистан ниҳоят душвор аст»23.

Дар ҳақиқат, агар дар таркиби ҳиссаи якуми ин ҷумлаи мураккаб пайвандакҳои сабабӣ ва ҳатто пайвандаки ки ояд, ҷумлаи якум чун пайрави сабаб равшан мешавад, агар дар аввали ҳиссаи дуюм пайвандаки ки ояд, ҷумлаи дуюм ҳамчун пайрави натиҷа намудор мешавад, агар дар байни онҳо пайвандаки ва ояд, тобеияти ин ду ҷумла то як андоза суст шуда, ба ҷумлаи мураккаби пайвасти сабаб-натиҷа бадал мешавад. Маҳз аз ҳамин сабаб аст, ки аксарияти олимони забоншинос ба яктарафа ва шартӣ будани

пешина
аз 109
навбатӣ