Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
шарти-хоҳишмандӣ ифода меёбад, ҷумлаи пайрав бошад, бо сиғаи хабарӣ:
Дар ҳақиқат дузд ёфт шуд, дасту остини ин одам пури хун аст (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 145) • Бояд Нуралӣ омада бошад: шабранг ниҳоят тезгард аст (С. У., Навобод). Аммо аз афти кор, фикри вай ба ҷои дигар банд буд: вай ҳар дам ба модараш нигоҳ карда мемонд — гӯё ки аз хона баромадани ӯро нигарон буд (С. У., Навобод, саҳ. 162).
Ин тарзи алоқаи интонатсия ба пайвандакҳои ки, зеро, зеро ки, чунки синоним аст.
- Ҷумлаҳои сабаби хулосавӣ. Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ низ ҳастанд, ки ҷумлаи пайрави сабаби он пас аз сарҷумла воқеъ гардида, сабаби воқеъ гардидани амали сарҷумларо мефаҳмонад ва дар айни замон хусусияти хулосавӣ, ҷамъбасткунӣ дорад, бар хилофи ҳамон интонатсияҳои тобеъкунандаи сабаби сарҷумла ин хел ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо оҳанги сусти талаффуз ба поён мерасад, ҷумлаи пайрав бошад, бо оҳанги нисбатан баланд оғоз меёбад. Ин хел ҷумлаҳои пайрав одатан бо ҳиссачаи таъкидии охир, ки ҷиҳати ҳисси ва ифоданокии ҷумлаҳои тасдиқиро пурқувват карда, ба ҷумлаи мураккаб оҳанги хулосавӣ ва ҷамъбасткунӣ мебахшад, сар мешавад:
Ман ҳам ба ин фикри онҳо тобеъ шуда, ба худ калиман «чупунӣ»-ро тахаллус кардам, рафта-рафта ин ҳам маъқул нашуд: «охир ман девона нестам», гуфтам дар дили худ ва дар фикри тахаллуси дигар афтодам (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 48). Салимбой, вай ба ин хафа намешавад, охир шумо аз рӯи дӯстӣ ин гапҳоро гуфтед (Р. Ч., Од. ҷов., қ. II, саҳ. 214). Онҳо умедвор буданд, ки Шамсуллоев гунаҳгорро ба ҷазои сазовор хоҳад расонд: охир вай барои аз интернат хориҷ кунондани Ҳидир қасам хӯрда буд (С. У., Субҳ. чав. мо, саҳ. 251).
Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки ҷумлаи пайрави сабаби он хусусияти хулосавӣ дошта, бо ҳиссачаи охир сар мешавад, дар забони адабии тоҷик, чӣ дар нутқи гуфтугӯӣ ва чӣ дар нутқи китобатӣ, фаровон истеъмол меёбанд. Дар байни сарҷумла ва ҷумлаи пайрави сабаб, ки ба охир сар мешавад, пайвандак намесояд. Табиист, ки саволе ба миён меояд: калимаи охир пайвандак аст ё ҳиссача? Агар ҳиссача бошад, чаро ин хел ҷумлаҳои мураккаби тобеъ доимо бепайвандак меоянд?
Калимаи охир пайвандак нест, балки ҳиссача мебошад, ҳиссачаи таъкидӣ. Сабаби дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки пайрави сабаби он бо ҳиссачаи охир омадааст, истеъмол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё