Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Тобеияти ин гуна ҷумлаи пайрав ба сарҷумла мисли тобеияти онҳо бо пайвандакҳои чунки, зеро ки, зеро ба амал меояд, дар ин тип ҷумлаҳои мураккаб чӣ хабари сарҷумла ва чӣ хабари ҷумлаи пайрав ба воситаи шакл ва замонҳои гуногуни сиғаи хабарӣ ифода меёбад:

Аммо он сол аз хондан баҳра набурдам: ман се дарс мехондам, китобҳои дарсӣ арабӣ буд (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 28). Чойхонаи бозоргоҳ имрӯз махсусан серодам буд: ҳавои берун абр буд ва борони майда меборид, мардум худро ба чойхонаву ошхона зада буданд (С. У. Навобод. саҳ. 3). Дар канал об кам буд: давраи обёрии киштҳо ҳанӯз сар нашудааст (С. У., Навобод, саҳ. 27) Стансияи телефон колхози «Коммунизм»-ро бо тезӣ пайваст накард: хатти роҳи телефон банд буд (С. У., Навобод, саҳ. 313).

  1. Ҷумлаҳои амрӣ-эзоҳӣ аз гурӯҳҳои дигар бо он фарқ мекунанд, ки сарҷумлаи ҷумлаи мураккаб бо интонатсияи махсус талаффӯз ёфта, ҷумла якбора бурида мешавад. Ҷумлаи пайрав бошад, барои эзоҳи он меояд, хабари сарҷумла аксар вақт бо сиғаи амр, хабари ҷумлаи пайрав бошад, аз шаклу замонҳои сиғаи хабарӣ, шартӣ-хоҳишмандӣ, эҳтимолӣ ифода меёбад:

Ҳоло ҳам бошад, хизматонаи маро диҳед ва аз паси кори бечорагии худатон биравед, шумо ба ин одам панҷа андохта наметавонед (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 85). Ба Эрназари танбал гӯед, ки ба тарафи ман қадам намонад, ман аз он гуна одам безорам (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 238).

Интонатсияи тобеъкунӣ дар ин гуна ҷумлаҳо ба пайвандакҳои ки, вагарна, чунки, зеро ки синоним шуда метавонад.

Баъзан сарҷумла бо сиғаи амр дар ҷои дуюм ва ҷумлаи пайрав дар ҷои якум меояд, вале сарҷумла боз ба ҳамон шиддати аввала талаффӯз меёбад:

Туро аз роҳ мондам, бубахш, бародар (С. А., Кул., ҷ. II, саҳ. 60). Дар анбор захираи об кам аст, обро бо эҳтиёт сарф кунед, — гуфт (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 269). — Чилбур тамом шуд, чилбур диҳетон! — гуфт (С. А., Кул., ҷ. IV, саҳ. 288). Худаш одами дуруст, ба ин муомилан пармтар кунед (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 363).

  1. Ҷумлаҳои сабаби исботкунӣ. Дар ин хел ҷумлаҳои мураккаби тобеъ сарҷумла бо шиддати зиёде талаффӯз намеёбад, дар байни сарҷумла ва ҷумлаи пайрав каме ист карда мешавад. Ҷумлаи пайрав барои исботи фикри сарҷумла истеъмол меёбад. Дар таркиби сарҷумла баъзан калимаҳои модалӣ меоянд ва сарҷумла бо сиғаҳои хабарӣ.
пешина
аз 109
навбатӣ