Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
фарқкунандаи интонаатсия махсусан дар вақти ба сарҷумла тобеъ намудани ҷумлаи пайрави сабаб равшан зоҳир мешавад. Фарқи интонаатсия дар баланду пастии онҳо, дар кӯтоҳӣю фосиланокии онҳост, ки ба ин восита характери ҷумлаи пайрав ва дараҷаи тобеияти он муайян карда мешавад:
1)—Ҳаргиз ин корро накун, беватан ва дарбадар мешавем (С. А., Кул., ҷ. II, саҳ. 61). 2) Аммо ҳикояташ бароям ҳеҷ шавқовар набуд: вай аз бозор, аз дегҳои палав, аз нонҳои сафеди ширмол, аз кабобҳои хушбӯй сухан меронду халос (С. У., Субҳи ҷав. мо, саҳ. 55). 3) Баъд аз ин воқеа хеле вақт Арбобро касе ба куҷо надид: аз шарми риши кандашуда худро бемор сохта берун набаромад (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 316). 4) Дере нагузашта сангчинӣ ба дили Шодигул зад—вай дар заибарғалтак ба сангкашони даромад (С. У., Навобод, саҳ. 286). 5) Дар тарафи чапи шоссе дӯкону палаткаҳои тари бозор туб-туб шуда меистоданд, дар байни онҳо на фурӯшандае пайдо буд ва на харидоре:
имрӯз рӯзи бозор не (С. У., Навобод, саҳ. 4).
Дар ин панҷ мисол интонаатсияҳо на танҳо фарқ мекунанд, балки муносибати ҷумлаҳоро низ муайян карда, бо кадом пайвандакҳо ҳамвазифа будани худро низ зоҳир менамоянд ва вобаста ба ин хусусиятҳои ҷумлаҳои пайрав низ гуногун мебошанд. Дар мисоли якум ҳиссаи якуми ҷумлаи мураккаб баланд талаффӯз ёфта, пас аз он ногоҳ ист карда мешавад, ҳиссаи дуюм бошад, пасттар талаффӯз карда мешавад, ҳиссаи якум дар ҷумлаи дуюм аз якум дида пасттар талаффӯз меёбад, дар ҷумлаи сеюм бошад, аз он ҳам пасттар. Ҳиссаи дуюми ҷумлаи панҷум аз ҳамаи ҷумлаҳои пайрав бошиддаттар талаффӯз меёбад. Ҳар ду ҳиссаи ҷумлаи чорум қариб як хел талаффӯз карда мешавад.
Мо хусусияти тобеъкунии интонатсия ва муносибати грамматикии сарҷумла ва ҷумлаи пайравро ба ҳисоб гирифта, аз рӯи таснифоти Н. С. Поспелов ва С. Г. Ильенко ҷумлаҳои мураккаби тобеи бепайвандакро ба гурӯҳҳои зерин тақсим мекунем:
-
ҷумлаҳои хоси сабабӣ, 2) амрӣ-эзоҳӣ, 3) сабаби исботкунӣ, 4) сабаби хулосавӣ, 5) сабаб-натиҷа.
-
Хусусияти хоси сабабӣ дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо пайрави сабабе дучор мешавад, ки ҷумлаи пайрави он дар ҷойи дуюм — пас аз сарҷумла воқеъ гардида, охири сарҷумла бо интонатсияи баланд талаффӯз меёбад; ҷумлаи пайрави сабаб сабаби воқеии ба амал омадани фикри дар сарҷумла гуфташударо нишон медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё