Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

гуфтугӯӣ то як андоза нигоҳ дошта шудааст, зоҳиран сунъӣ намояд ҳам, дар асоси қоидаи грамматикии ба ҳам алоқамандшавии ҷумлаҳо ва ҷойгузории онҳо ба амал омадааст. Пайвандакҳои вагарна, набошад ҳамеша пас аз сарҷумла, дар аввали ҷумлаи пайрав меоянд, пайвандаки агар бошад, қариб ҳама вақт дар аввали ҷумлаи пайрави шартӣ ва хи-лофӣ меояд, ки вай пеш аз сарҷумлаи худ меояд, хоҳ он сар-ҷумла ҷумлаи пайрав бошад, хоҳ не, бинобар ин ду пайван-дак баъзан дар як ҷо меоянд. Аз ин ҷост, ки «Дар нутқи гӯф-тугӯӣ пайвандаки набошад гоҳо ба шакли набошад агар низ вомехӯрад»18 гуфта онҳоро ба ҳамдигар як донистан мумкин нест.

Пайвандаки вагарна нисбат ба пайвандаки набошад сер-истеъмол буда, набошад ба забони гуфтугӯӣ вагарна ба забони адабии китобатӣ бештар мансуб аст.

Дар забони адабии тоҷик пайвандакҳои ғайрисабабӣ ҳастанд, ки дигар ҷумлаҳои пайрави бо онҳо омада тобиши сабабӣ доранд. Аммо ин вазифа хусусияти ҷумлаи пай-рави сабабро намекушояд. Ҳаматарафа дида баромадани ин масъала зарурият надорад.

ВОСИТАҲОИ ҒАЙРИПАЙВАНДАКИИ АЛОҚА

Гурӯҳи ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак нишон медиҳанд, ки пайвандакҳо воситаи ягонаи алоқамандшавии ҷум-лаҳои содда нестанд, дар баробари пайвандакҳо воситаҳои дигари алоқаи синтаксисии ҷумлаҳо низ мавҷуданд. Аммо дар забони адабии тоҷик воситаҳои ғайрипайвандакии ало-қаи ҷумлаҳо ҳанӯз ба таври илмӣ омӯхта нашудааст. Дар китоби дарсӣ барои мактабҳои миёна вобаста ба аломат-ҳои ист19 дар бораи ҷумлаи мураккаби бепайвандак маълу-моти аввалин дода шудааст. Дар китоби дарсӣ барои мак-табҳои олӣ танҳо бо интонация ифода ёфтани ҷумлаҳои мураккаби тобеи бепайвандак номбар карда шуда, он инто-нация бо интонацияи ҷумлаи мураккаби пайвандакдор як дониста шудааст.20 Дар худи ҳамон ҷо дар бораи ҷумлаи пайрави сабаби бепайвандак гуфта шудааст: «Ҷумлаи пай-рави сабаб ҳам дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеи бе-пайвандак бо интонация ба сарҷумла тобеъ мешавад».

Дар ҳақиқат, интонация яке аз воситаҳои асосии алоқа-мандшавии ҷумлаи пайрав ва сарҷумла мебошад, интона-ция ҳатто дар муайян намудани муносибати ҷумлаҳо низ то дараҷае роль мебозад. Аммо интонация дар алоқаман-дии ҷумлаҳо ҳама вақт як хел нест, хусусияти аз ҳамдигар

пешина
аз 109
навбатӣ