Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
(С. У., Субҳ. ҷав. мо, сах. 274). — Албатта, ҳар чизеро, ки ман дар ҳаққи ин бемор гуфтам, ба худаш изҳор накун ва «духтур ба саломатӣ ёфтанат ҳукм кард» гуфта тасалло деҳ, вагарна ба кӯтоҳ шудани умри ӯ сабаб хоҳӣ шуд (С. А., Кул., Ҷ. 1, сах. 268).
Дар ҳақиқат, дар сарҷумлаи ҷумлаи мураккаби мазкур дар бораи ҳолат, вазъият ва амалиёте сухан меравад, ки иҷро шудани онҳо ва ба иҷобат гирифтани фикри сарҷумла ҳатмист, ҷумлаи пайрав бошад, барои иҷроиши он ва ба амал татбиқ намудани фикри сарҷумла чун далел хизмат мекунад, яъне гӯянда фикри пешрондаи худро ба воситаи ҷумлаи пайрав асоснок мекунад, шахси якум дар асоси ҷумлаи пайрав, яъне оқибати ногуворо шахси дуюмро ба иҷроиши фармон водор менамояд. Азбаски иҷроиши ҷумлаи пайрави сабаб ба шарте вобаста аст ва ҳиссаи дуюми пайвандаки вагарна-гар нишондиҳандаи он мебошад, ҷумлаи пайрави сабаб тобиши шартӣ пайдо мекунад.
Дур шавед, вагарна гӯшатонро мебурам! (С. А., Кул., ҷ. III, сах. 488). — Аввал апа Муҳаббат хеста бозиро сар карда диҳад, вагарна Фотима шарм медорад, — гуфт як ҷавон (С. А., Кул., ҷ. III, сах. 438).
Баъзан амали ҷумлаи пайрав замони гузаштаро далолат мекунад. Дар чунин вақтҳо ҷумлаи пайрав барои сарҷумла ҳамчун далел хизмат мекунад:
- Онҳо бояд одамҳои безарар бошанд, вагарна бой онҳоро ба хонааш роҳ намедод (С. А., Кул., ҷ. III, сах. 253).
Ақлам мегуфт, ки эшони Хоҷаӯбонӣ, бешубҳа, ҳимоятгар ва пушту паноҳи зӯр дорад ва бо Ҳамдамчаи мансабдори милисия ҳамдаст аст, набошад ин одамони мӯзанкор дар ними шаб аз куҷо ба ёрии вай омада расиданд (Ҷ. И., Тӯри анкабут, сах. 101).
Баъзан ба ҷумлаи пайрави сабаби тобиши шартидор боз ҷумлаи пайрав бо пайвандаки агар тобеъ шуда меояд, ки он гӯё пайвандакҳои тобеъкунанда дар шакли вагарна агар, набошад агар меоянд.
Мисол: — Хайрият ки ягон гӯсфанд ё буз надоштаем, вагарна агар ба ҷои ин меҳмони нохондан бевақтӣ ягон дузд аз девор фуромада онро гирифта равад ҳам, ман бехабар мемондаам (С. А., Кул., ҷ. III, сах. 214). - Хӯб аст, ки муи сарат рехтааст, вагарна агар ман ба капдани риш маҷбур шуда бошам, ту маҷбур мешудӣ, ки мӯи саратро канӣ (С. А., Кул., ҷ. III, сах. 232).
Дар як ҷо омадани ин ду пайвандак, ҳар чанд ки аз
забони персонажҳо истифода карда шуда услуби забони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё