Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

шуда гирьякунон мегаштам (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 334). Мазмун, ягон сир гузаштааст, набошад Шокирҷони одатан хурраму хандон таклифи одами калонро ин тавр рад намекард (С. У., Навобод, саҳ. 137). — Куштан даркор набошад ҳам, — гуфт Ӯрмон Полвон, — онҳоро сахт гирифтан, таъзир кардан ва ба зиндон фиристодан даркор аст, мегӯям, зеро агар онҳо осуда монанд, дар ягон рӯзи бад ҳамаашон сар бардошта ба душман ёрӣ хоҳанд дод (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 204).

Пайвандакҳои ки агар, зеро агар, чунки агар ва вагарна, набошад ҳамдигарро иваз карда, бе ҳеҷ гуна тобиш он маъниҳоро ифода мекунанд. Аммо бо пайвандакҳои ҷуфт ҷумлаи пайрави шартӣ, ки ба пайрави сабаб тобеъ аст, меояд ва баракс, агар ба вазифаи пайвандакҳои ҷуфт (ки агар, зеро агар, чунки агар) пайвандакҳои вагарна, набошад оянд, ҷумлаи пайрави шартӣ танҳо тасаввур карда мешавад ва ҳиссаи пайвандакҳо гар, бошад ишоракунандаи он шуда мемонад. Барои мисол, пайвандакҳои ду ҷумлаи болоиро иваз мекунем:

Агар тавонӣ, як об деҳ, ки агар надиҳӣ, нобуд мешавад. Куштан даркор набошад ҳам, онҳоро сахт гирифтан, таъзир кардан ва ба зиндон фиристодан даркор аст, мегӯям, вагарна дар ягон рӯзи бад ҳамаашон сар бардошта ба душман ёрӣ хоҳанд дод.

Яке аз хусусиятҳои грамматикии ҷумлаи пайрави сабаб дар ин тип ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аз он иборат аст, ки вай хоҳ бо пайвандакҳои ҷуфт ояд ва хоҳ бо пайвандакҳои вагарна, набошад, бештар дар шакли сиғаи хабарии замони ҳозира-оянда ва ё оянда омада, замони ояндаро ифода менамояд.

Мисол: Агар дар ин гуфтаҳо амал намояд, тамом дуруст нашавад ҳам, аз мурдан халос мешавад ва умри дароз мебинад, вагарна бо андак беаҳамиятӣ ба зудӣ зиндагин худро ба бод хоҳад дод (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 269). Коре кун, ки чизҳои махсуси ӯ ба дасти дигарон наафтад ра ба хӯрокҳо нарасад, вагарна ин касалӣ ба зудӣ мегузарад (С. А., Кул., ҷ. Қ. саҳ. 268). — Кӣ буданатро дарҳол маълум кун! — гуфт он бандӣ боз бо шавкун, — вагарна ҳозир зада мекушам (М. С., Кул., ҷ. III, саҳ. 31).

Хабари сарҷумлаи ин гуна ҷумлаҳои мураккаб бештар бо сиғаи амрӣ ифода меёбад, ки онҳо далелҳох ва эзоҳталаб мебошанд.

Мисол: Инро ба сарат печонда гиру ба хонаатон рав, ки набошад дар таги пои мардум монда нобуд мешавӣ

пешина
аз 109
навбатӣ