Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
танҳо ҳамчун пайвандакҳои пайвасткунандаи хилофи шарҳ додаанд, ҳол он ки хусусияти модалии ҳиссаи дуюми ҷумлаи мураккаб бо пайвандакҳои вагарна, набошад ба пайрав будани он далолат мекунад. Хусусияти модалии ҳиссаи ин гуна ҷумлаҳо дар имконпазирӣ ва зарурияти иҷроиши онҳо мебошад. Дар таркиби ҷумлаи якуми ин тип ҷумлаҳои мураккаб калима ва таркибҳое меоянд, ки хусусияти эзоҳталабии сарҷумларо таъкид мекунанд.
«Дар ифодаи муносибати хилофии шартӣ аз таркиби пайвандаки ки набошад гоҳо калимаи набошад меафтад. Дар ин ҳол ин вазифаро танҳо пайвандаки ки адо менамояд: хабардор бош, қаҳрашро набиёр, ки фуромада туро пӯл мезанад (С. У., Субҳ. ҷав. мо)».17
Агар ин ду пайвандак: вагарна, набошад ба ҳам синоним бошанд ва онҳоро пайвандаки ки иваз карда метавониста бошад, пас дар бораи ҷумлаи мураккаби тобеъ будани ин тип ҷумлаҳои мураккаб ҳоҷати баҳс нест, чунки пайвандаки ки тобеъкунанда аст.
Илова бар ин, пайвандаки вагарна, набошад на танҳо бо пайвандаки муштараквазифа — ки, балки бо пайвандакҳои хоси сабабӣ низ синоним мебошад:
«Зудтар дароед, Муҳаббат ба ҳавлии дарун даромада кампирро аз дасти мӯйсафед халос карда гиред, вагарна пирамардӣ бадҷаҳл занашро зада мекушад» (С. А., Кул., Ҷ. III, саҳ. 164).
Аммо пайвандакҳои вагарна, набошад-ро бо пайвандаки хилофи синоним гуфтан мумкин нест, чунки дар байни ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаб бо пайвандаки вагарна, набошад муносибати соф хилофи вуҷуд надорад.
Пайвандакҳои вагарна, набошад бар хилофи пайвандакҳои пайвасткунанда барои алоқамандии аъзоҳои чида не, балки барои алоқамандии ҷумлаҳо ва нишон додани муносибатҳои онҳо хизмат мекунанд, ки ин вазифаи пайвандакҳои тобеъкунанда мебошад.
Пайвандаки вагарна набошад аз се ҳисса ва+гар//агар+-на, на-бошад аз ду ҳисса: на+бошад (аорист) иборат мебошад, ки асосан ба вазифаи ду пайвандаки тобеъкунанда: ки агар, зеро агар, чунки агар, зеро ки, агар меоянд. Ҳиссаи дуюми ҷумлаи мураккаб бо пайвандакҳои зеро агар, чунки агар, зеро ки агар дар шакли пуррааш, вале бо пайвандакҳои вагарна, набошад дар шакли ихтисоршудааш меояд. Мисол: Агар тавонӣ, як об деҳ, вагарна нобуд мешавад (С. А., Кул., ҷ. І, саҳ. 19). —Хайрият, ки аз ин пеш хӯҷаин нашуда будаам, вагарна имрӯз аз ин ҳама чизҳо чудо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё