Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Барои муайян намудан ва фарқ карда тавонистани ҷумлаҳои пайрав, ки ба воситаи пайвандакҳои муштараквазифа: ки, чун//чу, барои он ки//барои ин ки, модоме ки//модом ки, гуфта ба сарҷумла тобеъ шудаанд, ҳам мазмун ва ҳам хусусиятҳои грамматикии онҳоро якҷоя ба инобат гирифтан лозим аст. Хусусияти грамматикии ҷумлаҳои пайрави мақсад ва шартӣ аз он иборат аст, ки хабарҳои онҳо бевосита бо аорист ифода меёбанд, ки ин ба ҷумлаи пайрави сабаб хос нест. Бо аорист ифода ёфтани хабари ҷумлаи пайрави сабаб, чи хеле ки дар боби якум қайд карда шуд, бевосита ба амал намесояд, вай ба калима ва ибораҳои модалӣ вобаста аст. Бинобар ҳамин аст, ки В. С. Расторгуева вақте ки шакли конъюнктивии (шартӣ-хоҳишмандии) феълҳоро таҳлил менамояд, бо ҷумлаи пайрави шарту мақсад омадани аорист ва ба ин восита маъноҳои зиёди модалӣ гирифтани онҳоро қайд менамояд, вале табиист, ки дар бораи ҷумлаи пайрави сабаб чизе намегӯяд, 15 чунки аорист хоси ҷумлаи пайрави сабаб нест.

ДАР БОРАИ ПАЙВАНДАКҲОИ АЗ ОН КИ, ВАГАРНА, НАБОШАД

Дар забони адабии тоҷик пайвандакҳое ҳастанд, ки ҷумлаҳои пайрави ба воситаи онҳо ба сарҷумла тобеъшуда аксар тобишҳои зиёде доранд. Ба ин гурӯҳ пайвандакҳои аз он ки//зи он ки, з-он ки, бо ин ки//бо он ки, вагарна (в-арна), набошад дохил мешаванд.

Ҷумлаи пайраве, ки ба сарҷумла ба воситаи пайвандаки аз он ки тобеъ шудааст, хусусияти дугонагӣ дорад.

Ҷумлаи пайрави бо пайвандаки аз он ки ба маънои хоси сабабӣ, бе ягон тобиши маъной хеле кам дучор мешавад:
Шайхе ҳама умр сарфи «тоат» мекард, Рӯзе ба ду лукма нон қаноат мекард.
Бо ин ҳама ман муфтхӯраш донам, з-онк На кору на хизмат, на зироат мекард.
(Л. Л., Кул., ҷ. I, саҳ. 130).

Пайвандакҳои вагарна, набошад ҷумлаи пайрави сабабро ба сарҷумла бе тобиши маънои тобеъ карда наметавонанд.

Дар бораи пайвандаки «вагарна», набошад дар ягон сарчашмаи илмӣ чизе гуфта нашудааст, ба ҷуз китоби дар- сӣ барои мактабҳои олӣ.16 Дар ин китоб пайвандакҳои мазкурро

пешина
аз 109
навбатӣ