Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан
  1. Ҷумлаи пайрави сабаб бо пайвандаки модоме ки//модом ки тобиши шартию замонӣ дошта метавонад. Агар хабари ҷумлаи пайрав аз сиғаи шартию ҳоҳишманди (аорист) ифода ёфта бошад, маънии шартии пайрав равшантар зоҳир мегардад ва ба ҷои аввал мегузарад.

Дар бораи бо ҷумлаи пайрави шартӣ омадани пайвандаки «модоме ки» М. Н. Қосимова дар кори диссертатсияи худ васеътар истодааст.12

Чӣ хеле ки аз мисолҳои дар боло овардашуда аён аст, ҷумлаи пайрави сабаб бо пайвандаки модоме ки//модом ки пеш аз сарҷумла меояд ва пайвандак дар аввали ҷумлаи пайрав ҷойгир мешавад.

Сифати феълии гуфта баъзан маънои лексикии худро барҳам дода, ба гурӯҳи калимаҳои ёридиҳанда дохил мешавад ва яке аз воситаҳои серистеъмолтарини ба ҳам алоқаманд кунонидани ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаб ҳисоб меёбад.

Рафиқ Д. Т. Тоҷиев гоҳо ба вазифаи пешоянд омадани «гуфта»-ро ҳанӯз якчанд сол муқаддам қайд карда буд.13 Ин вазифа ва вазифаи пайвандакии гуфтаро олимони ӯзбек ва қазоқ низ қайд кардаанд14.

Мисолҳои ҷамъкардаи мо низ далолат мекунад, ки сифати феълии гуфта дар забони адабии тоҷик ҳам баъзан вазифаи пайвандакро адо мекунад. Маълум аст, ки барои робитаи нутки муаллифу нутки айнан нақлшуда роли гуфта хеле калон аст ва ин хусусияти вай гувоҳи медиҳад, ки ба вазифаи пайвандак омадани гуфта имконпазир аст.

Яке аз вазифаҳои гуфта дар қатори дигар ҷумлаҳои пайрав ба сарҷумла тобеъ намудани ҷумлаи пайрави сабаб мебошад: Зубайда гоҳо дар маҷлиси партиявӣ Ҳошим Корвонро «кам мехонад, маълумоти сиёсиашро зиёд намекунад» гуфта танқид мекард, бинобар ин Ҳошим Корвон вайро он қадар хуш намекард (С. У., Навобод, саҳ. 50).

Ҷумлаи пайрави сабаб бо пайвандаки гуфта пеш аз сарҷумла ва дар байни аъзоёни он меояд ва дар асоси чӣ ба амал омадани сарҷумларо нишон медиҳад: Аз рафиқу дугонаҳои комсомоли худ мадад пурсидан хавфнок аст: дар ин ҳол падару модараш «ту сирри моёнро ба кӯча баровардӣ!» гуфта боз бадтар мағал мекунанд. ҳатто Шодигулро оқ хоҳанд кард (С. У., Навобод, саҳ. 159).

Пайвандаки гуфта баъзан дар шакли гӯён низ меояд: Агар ин ҳолро халифа шунавад, «ӯ ба падараш бозии моро гуфтааст» гӯён маро хармурд мекунад гуфта дар андеша афтодам (С. А., Кул., Ҷ. V, саҳ. 84).

пешина
аз 109
навбатӣ