Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Пайвандаки модоме ки//модом ки аз дигар пайвандакҳо бо як қатор хусусиятҳои худ фарқ мекунад:

  1. Ҷумлаи пайрави сабаб, ки бо пайвандаки модоме ки//модом ки меояд, характери таъкидӣ дорад ва ин хусусияти вай боиси аз тарзи талаффузи умумӣ баландтар талаффуз намудани ҷумлаи пайрав мешавад; ин тавр таъкид ёфтани ҷумлаи пайрав, ки узви ҷудонашавандаи ҷумлаи мураккаб аст, ба он низ таъсир мекунад ва тамоми ҷумлаи пайрав бо оҳанги махсус талаффуз меёбад. Аз ҳамин сабаб аст, ки аксар вақт дар охири ин хел ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аломати хитоб ва ё савол гузошта мешавад: Модоме ки аз сафар гузир нест, маро ва ин духтари ятимро дар ин вайрона танҳо магузор, моро ҳам ҳамроҳи худ аз ин диёр бардор! (С. А., Кул., ҷ. І, саҳ. 249). Модом ки мо хонаву ҷой надорем, аз ин хонадорӣ чӣ ҳузуру ҳаловат мебинем?
    (С. А., Кул., ҷ., III, саҳ. 138).—Гирифта наметавонед,— гуфт як мулло ба ӯ дӯғ зада, -модом ки шумо иҷорани ба ихтиёри худ партофта истодаед, чаро бемақбуз мехӯрдед? (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 183). Модом ки ҳама розӣ, як ҳуди ман чӣ кор карда метавонам? (Р. Ҷ., Од. чов., к. ІІ, саҳ. 164).

  2. Ҷумлаи пайрави сабаб бо пайвандаки модоме ки//модом ки хусусияти собиткунӣ дорад ва вай барои сарҷумла, ки дар он фикри хулосавӣ, ҷамъбастӣ буда, як навъ ҳукм ба шумор меравад, чун далел хизмат мекунад, дар он аксар вақт дар бораи факти реалӣ сухан меравад.
    Баъзе луғатҳои душвор ва бегона, ки бо маҷбур кардани зиндагии нав медароянд, муҳим аст, модоме ки онҳо ба зиндагонӣ даромадаанд, ду рӯз пеш ё пас фаҳмида мешаранд (С. А., Забони тоҷикӣ, Роҳбари Дониш, № 11, 12, саҳ. 17). Акнун, Гулҷон, модом ки Нуриддинро дастгир кардаанд, ӯ ҳам ва калонтамаш ҳам ба даст хоҳад афтод (Р. Ҷ., Од. чов., к. ІІ, саҳ. 255). Модом ки дар дасташон яроқ доранд, бе андак-мундак ҷанг ба даст намеафтанд (Р. Ҷ., Од., чов., к. І, саҳ. 101).

  3. Хабари ҷумлаи пайрави сабаб бо пайвандаки модоме ки//модом ки вобаста ба хусусияти ба сарҷумла чун далел хизмат карданаш бештар бо шакли наклию сиғаи хабарӣ ифода меёбад ва дар ин гуна ҳолатҳо сарҷумла хулосаи бевосита ба ҳисоб меравад: Лекин модоме ки кас фиристодаанд, як дараҷа нарафтан ҳам намешавад (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 312).—Модом ки ба ҳеҷ кадомашон лозим набудааст, — гуфт Алиҷон, - инҳоро ба одами мустаҳиқаш супурдан даркор (Ҳ. Ирфон, Ду ёр аз ду диёр, саҳ. 57).

пешина
аз 109
навбатӣ