Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ба ман душман шуда мондааст (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 235).
Барои он ки Зайнаб ба ҳадди балоғат расидагӣ буд, нафақаи муайяншуда чандон калон набуд (Ҷ. И., Ман гунаҳгорам, саҳ. 63). Барои он ки аз ҷиҳати оғил ва коҳу беда душворӣ рӯй дод, муваққатан ба соҳибони пештараашон дода мондани ҳайвоноти умумишуда маслиҳат дода шуд (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 499).

Дар ин се мисол ҷумлаи пайрави сабаб боиси ба амал омадани сарҷумла гардидааст, аммо дар мисолҳои зерин ҷумлаҳои пайрав танҳо характери эзоҳӣ доранд: Ғамгин ман, барои он ки ба чашми Хадиҷа як одами кӯҳнапараст, бадахлоқ шуда мондаам (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 285). Боз ман нағз не, барои он ки дар сӯҳбат духтарони ҷавонро ба гап машғул карда наметавонам (Ҷ. И., Ман гунаҳгорам, саҳ.
86).

Таркибҳои ҷуфти пайвандаки на барои он ки... балки, асосан барои ба сарҷумла тобеъ намудани ҷумлаҳои пайрави мақсаду сабаб истеъмол меёбанд.

На барои он ки... балки ба сарҷумла одатан ду ҷумлаи пайрави сабабро тобеъ менамояд, ки яке аз онҳо барои ба амал омадани фикри сарҷумла имконпазир будани воқеаро ифода намояд, дигаре сабаби реалии воқеъ гардидани онро шарҳ медиҳад.

Мисол: Улфатов аз вазифаи муовинӣ дур карда шуд, на барои он ки шабу рӯз маст шуда мегашт, балки тамоми хиёнатҳояш фош гардиданд (Ф. Н., Вафо, қ. II).

Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаби тобеъ яке аз ҷумлаҳои пайрав метавонад дар шакли ибора воқеъ гардад: Запак на барои харидани он ҷома, балки барои ин ки ямоқи дар домани он ҷома задашуда ба назари шинос намуд, онро гирифта ба ҳар тарафаш чашм андохт (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 277).

Пайвандаки модоме ки//модом ки барои ба сарҷумла тобеъ намудани ду ҷумлаи пайрав: сабаб ва шарти кор фармуда мешавад. Аммо таносуби истеъмолии он дар ин ду ҷумлаи пайрав як хел нест. Пайвандаки модоме ки, модом ки бештар ба сабаб мансуб аст.

Мисол: Модоме ки падарат туро ба инҳо супурдааст, бо ҳаминҳо бош! (Ҷ. И., Тори анкабут, саҳ. 39). Модом ки барои совети қишлоқ ягон бинои дурусте насохтаед, наход ки барои тозаю сафед карда нишастани ҳамин хоначаҳо вақт надошта бошед? (Р. Ҷ., Од. чов., к. II, саҳ. 91). Модоме ки вай ба онҳо сир намедиҳад ва дардашро изҳор намекунад, бояд ба ман гӯяд (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 279).

пешина
аз 109
навбатӣ