Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
шикорӣ пур буд, зиёфат ва меҳмондорӣ ба гардани ҳеҷ кадомашон бори гароне набуд (Ҳ. Ирфон, Ду ёр аз ду диёр, саҳ. 80).
Чу будем аз қафои кор чолок,
Ба ҷои хор тилло рӯид аз хок.
(М. Т., Кул., ҷ. II, саҳ. 134).
Пайвандаки чун//чу асосан дар аввали ҷумлаи пайрав меояд, вале пас аз мубтадои задаи мантиқӣ гирифтан ҷумлаи пайрав низ мушоҳида карда мешавад ва бо пайвандаки ки ҳамвазифа мешавад.
Падарам чун як бор ба хонаи кампири мазкур рафтани маро медонист, ба ман фармуд, ки ӯро ба он ҷо сар карда барам (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 118). Вай чун писар надошт, маро «писарам» мегуфт (Ҳ. И., Ду ёр аз ду диёр.
саҳ. 19).
Пайвандаки чун//чу хоси забони китобатӣ буда, дар забони адабии ҳозираи тоҷик доираи истеъмоли он нисбат ба адабиёти классикӣ маҳдудтар аст.
Дар осори Ҳаким Карим пайвандаки чун ҳамчун муродифи пайвандаки чунки бо ҷумлаи пайрави сабаб пас аз сарҷумла омадааст, вале ин тарзи истеъмоли он хоси услуби нависанда ба шумор меравад:
Дар ҳақиқат ҳам ҳамин тавр буд, чун на танҳо қишлоқ, ҳатто ин кӯҳи баланд ҳам ба наъраи ӯ бо акси садо ҷавоб нагардонд (Ҳикояҳо). Қариб монда буд, ки аз ин гапи духтараш гиря карда фиристад, чун нағз медонист, ки вай аз ин гуна кору гапҳо рӯй намегардонад (Ҳикояҳо).
Пайвандакҳои барои он ки, барои ин ки асосан пайвандаки тобеъкунандаи мақсадӣ буда, барои ба ҳам алоқаманд намудани сарҷумла ва ҷумлаи пайрави сабаб низ меоянд.
Бе сабаб нест, ки дар китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёнаву олӣ9 ва корҳои илмӣ ҷудогона10 ин пайвандакҳо дар қатори пайвандаки тобеъкунандаи мақсадӣ ҷойгир шудаанд. Шаҳобова М. Б. дар диссертацияи номзадии худ ба мақсаду сабаб баробар тааллуқ доштани онҳоро қайд кардааст.11
Ҷумлаи пайрави сабаб агар пеш аз сарҷумла ояд, сарҷумла чучумку натиҷаи ҷумлаи пайрави сабаб ба амал меояд ва пайвандакҳои барои он ки, барои ин ки бо пайвандакҳои азбаски, чун//чу ва агар пас аз сарҷумла ояд, бо пайвандакҳои зеро, зеро ки, чунки ҳамвазифа мешаванд.
Мисол: Барои ин ки ман дар болои молият, хашар, боқӣ ва дигар чизҳо ба амлокдорҳо муқобил баромадаам, ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё