Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

аст, чунки вай ба услуби адабии китобатӣ хос буда, пайвандаки «ки» хусусияти универсалӣ дорад, вай чӣ дар услуби адабии китобатӣ ва чӣ дар гуфтугӯ фаровон истифода карда мешавад. Илова бар ин, азбаски пайвандаки азбаски одатан дар аввали ҷумлаи пайрав меояд, агар вай пас аз мубтадо ва ё аъзоҳои пайрави сарҷумла ояд, ҷумлаи пайрав то андозае ба ҷумлаҳои туфайли наздик мешавад.

  1. Ҷумлаи пайрави муайянкунандаро ба ибораҳои масдарӣ ва феъли ҳол табдил додан мумкин нест, вай танҳо ба ибораи сифати феълӣ табдил меёбад. Баръакс, ҷумлаҳои пайрави сабаб на ба ибораи сифати феълӣ, балки ба ибораҳои масдарӣ ва феъли ҳол табдил меёбад, ки дар ин хусус дар боби IV маълумот дода мешавад. Агар ҷумлаи пайрави сабаб (бо пайвандаки «ки») зӯрбазӯрак ба ибораи сифати феълӣ табдил дода шавад, маънии сабабии он хеле суст мешавад ва ҳатто барҳам мехӯрад.

б) вай ҷумлаҳои пайрави сабабро бо тобишҳои гуногуни маъноиашон ба сарҷумла тобеъ мекунад:

  1. Ҷумлаи пайрави сабаб, ки тобиши натиҷа дорад: — Ӯ пирсаг набудааст, балки пиррубоҳ будааст, ки гургони ҷавонро мурч хӯронда рафтааст,—гуфт посбон ба онҳо (С. А., Кул., Ҷ. III, саҳ. 294).

  2. Ҷумлаи пайрави сабаб, ки иҷрои амали он бо шарте вобаста аст ва онро сарҷумла тақозо мекунад:—Дохунда, оҳистатар гап зан, ки ҳам сари маро барбод медиҳӣ, ҳам сари худатро—гуфт он одам (С. А., Кул., Ҷ. II, саҳ. 222).

Роли пайвандаки ки дар сурат гирифтани бисёр пайвандакҳои таркибии сабабӣ калон аст ва дар робитаи сарҷумлаю ҷумлаи пайрав мавқеи асосиро вай ишғол менамояд.

Пайвандаки чун (чу) аз ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави сабаб дида бо пайрави замон зиёдтар ва бо пайрави шартӣ камтар истеъмол меёбад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки вай дар китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ танҳо дар қатори пайвандакҳои тобеъкунандаи замонӣ номбар карда шудааст. Ҷумлаҳои пайрав бо пайвандаки чун//чу аксар вақт пеш аз сарҷумла меоянд ва сарҷумлаҳо натиҷаи он ба ҳисоб меравад. Мисол: Чун босмачиён бинои маҳкамаро вайрон карда буданд, аскарони сурх яке аз биноҳои бозоргоҳро, ки пештар анбор буд, таъмир карда дар он ҷойгир шуданд (С. У., Субҳи ҷав. мо, саҳ. 174). Чун дар аксари чоҳо дастархони мизбон бо гӯшти паррандаву чаррандаи

пешина
аз 109
навбатӣ