Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Аммо ин хусусият дар ҷумлаҳои пайрави сабаб, ки бо пайвандаки «ки» пас аз исм омадаанд, дида намешавад. Вай азбаски хусусияти ишоратӣ ва ҷудокунӣ надорад, ӣи ишорат ҳам қабул намекунад. Агар ба вай ӣи ишорат ҳамроҳ карда шавад, ҷумлаи пайрав тағйир меёбад ва функсияи худро иваз мекунад. Чунончи: Аммо пилта, ки тар шуда буд, аз чақмоқ задан дарнагирифт, он гоҳ ман домани ҷомаамро чок карда, андак пахтаи хушк баровардам ва онро тоб дода пилта сохтам (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 130). Аз ин мисол равшан аён аст, ки танҳо як пилта будааст ва азбаски ин ҳам тар шуда, аз чақмоқ задан дарнагирифтааст, аз пахтаи хушки ҷома пилтаи дигар сохта шудааст.

Аммо агар мо ба калимаи пилта ӣи ишорат ҳамроҳ кунем ва гӯем, ки «Аммо пилтае, ки тар шуда буд, аз чақмоқ задан дарнагирифт», мазмуни ҷумла тамоман дигар мешавад. Аз ин ҷумла чунин хулоса мебарояд, ки аз пилтаҳои зиёде танҳо он пилтаи таршуда дарнагирифтааст.

  1. Дар ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави сабаб ба ҷои пайвандаки «ки» пайвандаки хоси сабаб «азбаски» ва баръакс, ба ҷои пайвандаки «азбаски» пайвандаки «ки» гузоштан мумкин аст, чунки дар чунин ҳолатҳо ин ду пайвандак ҳамвазифа, синоними якдигаранд, ҳарчанд ки услубан фарқ доранд. Мисол:
  1. Гӯсфандони дар курабуда бедор шуда, аз ҷояшон хеста маҳсус зада ҳаракат мекарданд, ки зудтар ба чаро бароянд. Аммо саг, ки дар посбонӣ навбати худро бо муваффақият гузаронида шабро рӯз карда буд, акнун сарашро дар миёнаи ду пои пешаш гирифта фишшосзанон мехобид (С. А., Кул., Ҷ. III, саҳ. 222).

  2. Модарам азбаски феъли ӯро медонист, аз вай чандон ҳам гап напурсид (Ч. И., Ҳикоя ва очеркҳо, саҳ. 21).

Дар мисоли якум ҷумлаи пайрав бо пайвандаки мун- тараквазифаи «ки», вале дар мисоли дуюм бо пайвандаки хоси сабабии «азбаски» омадааст. Ин пайвандакҳо ҷои як- дигарро озодона иваз карда метавонанд. Чунончи:

1 Аммо саг, азбаски дар посбонӣ навбати худро бо му- ваффақият гузаронида шабро рӯз карда буд, акнун сараш- ро дар миёнаи ду пои пешеш гирифта фишшосзанон мехо- бид.

  1. Модарам, ки феъли ӯро медонист, аз вай чапдон кам гап напурсид.

  2. Ҷумлаи пайрави сабаб дар ин гуна ҳолатҳо асосан ба воситаи пайвандаки «ки» ба сарҷумла тобеъ мешавад, пайвандаки «азбаски» баъд аз ягон аъзои ҷумла камистеъмол

пешина
аз 109
навбатӣ