Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

мебошанд. Монандии онҳо дар он зоҳир мегардад, ки пайвандаки «ки» дар ҳар ду ҳолат ҳам баъд аз мубтадо ва аъзоҳои пайрави ҷумла омада метавонад. Чунончи:

  1. Шокир, ки табиаташ андак гирифт карда буд, ҳоло ҳам гоҳо ба осмон, гоҳо ба замин нигоҳ карда, ба тарафи дастархон ва ош ҳеҷ чашм намеандохт (С. А., Кул., ҷ. 3, саҳ. 239).

  2. Ҷавоне, ки дар мобайни шармгинона сар ҳам карда меистод, коргари нав будааст (Ф. М., Од. кӯҳна, саҳ. 124).

Дар ҳар ду мисол ҳам пайвандаки «ки» пас аз мубтадо омадааст ва ҷумлаҳои пайрав дар мобайни аъзоҳои сарҷумла воқеъ гардидаанд. Аммо танҳо ҳамин тарафи зоҳирии ҷумлаҳоро ба инобат гирифта ҳар дуи онҳоро ҷумлаи пайрави муайянкунанда номидан яктарафа мебуд. Онҳо аз якдигар фарқи куллӣ доранд. Дар мисоли якум сабаби «гоҳо ба осмон ва гоҳо ба замин нигоҳ карда ба тарафи дастархон ба ош ҳеҷ чашм наандохтани Шокир» эзоҳ дода шудааст.

Дар мисоли дуюм бошад, ҷумлаи пайрав кадом ҷавон будани коргари навро муайян мекунад ва бо ин роҳ ӯро аз гурӯҳи ҷавонон ҷудо мекунад, ки ин ишорат онро такозо мекунад.

Ҷумлаи пайрави сабаб, ки бо пайвандаки «ки» баъд аз мубтадо ва аъзоҳои пайрав меояд ва дар дохили сарҷумла воқеъ гардидааст, аз ҷумлаи пайрави муайянкунанда бо як чанд хусусиятҳо фарқ мекунад:

  1. Ҷумлаи пайрави сабаб сабаби воқеъ гардидани амали сарҷумларо эзоҳ медиҳад ва ё боиси ба амал омадани сарҷумла мешавад. Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаби тобеъ сарҷумла бе ҷумлаи пайрав покис ва эзоҳталаб шуда мемонад:

Дима, ки забони немисиро намефаҳмид, хомӯш истод (Ф. Н., Вафо, қ. II, саҳ. 265).

  1. Исми муайяншаванда одатан е-и ишорат қабул мекунад ва агар чунин аломат надошта бошад, онро гузоштан мумкин аст, чунки бо он роҳ вай аз исмҳои ҳамҷинсаш ҷудо карда мешавад: Одамоне, ки мисли шумо қабоҳати тамаллуккориро мефаҳманд ва аз он нафрат доранд, дар мамлакат аҳён-аҳён ёфт мешаванд (Ф. М., Од. кӯҳна, саҳ. 74).

Дар ин мисол ҷумлаи пайрави муайянкунанда на ба ҳамаи одамон, балки ба қисми одамон ишора мекунад, яъне танҳо ба онҳост, ки қабоҳати тамаллуккориро мефаҳманду аз он нафрат доранд. Агар аз исм е-и ишорат истисно карда шавад, маъни хароб ва мантиқ барбод мешавад.

пешина
аз 109
навбатӣ