Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

чун далили даъво истифода ёфта бошад, 3) агар дар таркиби сарҷумла калимаҳои нисбӣ истеъмол ёфта бошанд. Мисол:

  1. Аз худ нарав, ки ёронат аз ту мераванд (Зарб.). Аз думи гурба накаш, ки дастатро мехарошад (Зарб. 2). Бояд онҳо аз ягон тӯй омада истода бошанд, ки либосҳои бисёр олиашон дар танашон буд (С. А., Марги судхӯр). Имрӯз магар аз ҳар вақта зиёдтар монда шуда будам, ки дар таги сада бисёртар нишаста мондам (С. У., Субҳ. ҷав. мо, сах. 179). Магар дили шунаванда ба сарояндаи он суруд сӯхт, ки сари худро бо ишорати тасдиқ ҷунбонида: «Э бечора, э бечора» гуфт (С. А., Кул., Ҷ. V, сах. 41); 3) Ман ба назди падарам бинобар он надаромадам, ки дар он ҷо одамони ношинос ҳам буданд (С. У., Субҳ. ҷав. мо).

Пайвандаки ки ба вазифаи ҳамаи пайвандакҳои хоси сабабӣ омада метавонад, бинобар ин ҷумлаҳои пайраве, ки бо ин пайвандак меоянд, ҳам пеш аз сарҷумла ва ҳам дар байни аъзоҳои он низ меояд:

Ҳамсоя ки нест, кас дар ин гуна мавридҳо душворӣ мекашад (С. У., Субҳ. ҷав. мо, сах. 98).

Ту, к-андар базми васлӣ, дарди ҳиҷронро чӣ медонӣ?
Ту, к-андар леши ҷононӣ, ғами ҷонро чӣ медонӣ?
(А. Л., Кул., ҷ. I, сах. 143).

Фарқи пайвандаки ки аз пайвандакҳои хоси сабабӣ он аст, ки:

а) вай дар аввали ҷумлаи пайраве, ки пеш аз сарҷумла воқеъ гардидааст, ҳеҷ гоҳ намеояд. Вай одатан дар таркиби ҷумлаи пайрави пеш аз сарҷумла омадагӣ пас аз мубтадо, пуркунанда ва ҳол меояд. Мисол:

Он шахс, ки ҳамеша аз модару модаркалони худ афсонаҳои дев, парӣ, аҷина ва монанди инҳоро шунида тарбия ёфта буд ва боварӣ дошт, ки «агар дев ба одам зарар расонданӣ шавад, беҳтарин ба сурати гови корӣ даромада ҳамла мекардааст», он гови ҳақиқиро дев пиндошт ва бинобар ин худро бой дод ва аз ҳуш рафта афтод (С. А., Кул., ҷ. V, сах. 18). — Ту хуб содда будӣ, гарди мадрасаҳои Бухороро, ки нахӯрдаӣ, ақлат ба ҳукмҳои шариат намемерасад (С. А., Кул., ҷ. V, сах. 47). Дар ин фасл ки сардии ҳаво қариб се моҳ кашол меёбад, деҳқононро рӯзгузаронӣ он қадар хуб намешавад (С. А., Кул., ҷ. V, сах. 14).

Ҷумлаҳои пайрави сабаб, ки бо пайвандаки «ки» ба сарҷумла тобеъ буда, дар байни аъзоҳои он воқеъ гардидаанд, зоҳиран ба ҷумлаи пайрави муайянкунанда монанд

пешина
аз 109
навбатӣ