Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
Пайвандакҳои бинобар он ки, бинобар ин ки, аз сабаби ин ки, ба сабаби ин ки, ба сабаби ин ки ҷумлаҳои пайраверо ба сарҷумла алоқаманд мекунанд, ки онҳо пеш аз сарҷумла воқеъ шудаанд ва характери эзоҳӣ ва баъзан исботкунӣ доранд: Аммо бинобар ин ки писараш ҳам дилаш пур набудааст, бозгашт омада ба анбор медарояд ва ба ҳар тарафи ғалаи то шифт расида аз сангу кулӯхҳо нишона мемонад (Р. Ҷ., Од. ҷов., қ. II, саҳ. 44—45).
— Не, е, — гуфт Носир Ширинӣ, — ба сабаби ин ки қади ман аз дигарон баландтар аст, аз дигарон ман аълотар мебошам (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 414).
Дар байни аъзоҳои сарҷумла омадани ҷумлаи пайрави сабаб бо пайвандакҳои номбурда хеле кам дида мешавад ва дар ин гуруҳ тарзи истеъмол ҷумлаи пайрав чун ҷумлаи туфайли вонамуд мешавад: Сабза ва себаргаҳои ин чорбоғ, ба сабаби он ки рӯзе ду бор бо обпошакҳо ба болояшон об пошида мешуд, чунон ки ба тозагӣ ба рӯяшон борон борида бошад, сабзу хуррам буданд... (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 192— 193). Пӯлод баъди ин гуфтугӯҳо ба изҳори намудани воқеаи аз рӯихати заминдорон бароварда шудани номи имоми гузар суханҳои Саидовро тасдиқ кард, валекин аз баёни муносибате, ки вай ба сари Ҳанифа овардааст, бинобар ин ки ба дурустии факт ҳанӯз қаноат ҳосил накарда буд, худдорӣ намуд (Р. Ҷ., Од. ҷов., қ. II, саҳ. 21).
ПАЙВАНДАКҲОИ МУШТАРАКВАЗИФА
Дар забони адабии тоҷик бисёр пайвандакҳо ҳастанд, ки ҷумлаҳои пайрави мухталифро ба сарҷумла тобеъ мекунанд.
Пайвандаки ки аз ҳамаи дигар пайвандакҳо серистеъмол буда, барои ба сарҷумла тобеъ намудани ҳама гуна
ҷумлаҳои пайрав қодир аст. Шаҳобова М. Б. соли 1954
«Пайвандаки тобеъкунандаи «ки» дар забони адабии ҳозираи тоҷик» ном кори илмӣ навишта, сазовори унвони номзади фанҳои филологӣ гардид. Ӯ барои таҳқиқи ҷумлаи
пайрави сабаб бо ин пайвандак низ хеле кӯшиш кардааст
ва қайд менамояд, ки ҷумлаи пайрави сабаб бо пайвандаки
ки пас аз сарҷумла меояд.5
Пайвандаки «ки» дар чунин вақтҳо аз ҳама бисёртар
пас аз сарҷумла, дар аввали ҷумлаи пайрав меояд: 1) агар
хабари сарҷумла аз сиғаи амрӣ ифода ёфта бошад ва
2) агар дар таркиби сарҷумла калимаҳои модалӣ омада,
ҷумлаи пайрав барои исботи фикри шубҳаноки сарҷумла

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё