Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

азбас:

Гӯй, азбас дар ӯ сифоти накуст,
На вай андар ҷаҳон, ҷаҳон дар ӯст.
(А. Л., Кул., ҷ. III, саҳ. 201).

зи баски

Аз кори чинак зи баски мумтоз шудӣ,
Бар авҷи чинакчиён ту сарбоз шудӣ,
Эй духтари пахтачин, ба ин зебоӣ,
Сарву сумани гулшани колхоз шудӣ.
(А. Л., Кул., ҷ. I, саҳ. 94).

Зоҳид зи баски қиссаи ҳурӯ қусур гуфт,
Бар бод дод обрӯю эътибори хеш.
(А. Л., Кул., ҷ. I, саҳ. 93).

зи бас:

Зи бас ҳушёрӣ набуд дар миён,
Зарарҳо кашидем аз душманон.
(М. М., Ливон зафар).

Зи бас арақ ба тани фаъла хушк гардидааст
Ҷудо намешавад асло зи пӯст пероханаш.
(А. Л., Кул., ҷ. III, саҳ. 122).

баски:

Баҳри ӯ ин нақша ҳамчун роз буд,
Баски бебокона чун парвоз буд.
(М. Қаноат, Боли орзу).

бас
бас:

Баски ту ёри меҳрубони ман,
Шодмонии хонадони ман.
Бас ту модар ба духтару писарам,
Беҳтар аз ҷонам астию ҷигарам,

Баски илҳоми шеърҳоям ту,
Хотири шодаму сафоям ту,
Дорамат аз таҳи дилу ҷон дӯст,
Ду танем арчи, лек дар як пӯст

(А. Воситзода, Шодмонии ман).

пешина
аз 109
навбатӣ