Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Азбаски дар вақти сӯзиши завод ин мурдагон ба даруни об буданд, насӯхта мондаанд, вагарна гардашон ҳам дар миёни хокистари завод дида намешуд (С. А., Кул., ҷ. І, саҳ. 290). Азбаски худаш аз байни камбағалон баромада буд, қадри меҳнатро медонист ва халқи меҳнатиро ҳурмат карда, хизматашро хуб ба ҷо меовард (Ҷ. И., Ман гуноҳгорам, саҳ. 42).

Ҷумлаи пайрави сабабе, ки ба воситаи пайвандаки азбаски ба сарҷумла тобеъ мешавад, асосан пеш аз сарҷумла воқеъ мегардад. Агарчи хеле кам бошад ҳам, дар байни аъзоҳои сарҷумла омадани ҷумлаи пайрави сабаб бо пайвандаки азбаски дида мешавад: Болорро ҷо ба ҷо карда истода, азбаски пир ва бемадор шуда буд, усто Нарзӣ пошт лағжиду аз бом ба поён афтод ва гиреви мардум баромад (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 51). Изроил Абрамович, азбаски Хайдаркул ба вай ёрӣ медод ва хизматашро мекард, ба вай меҳр монда дӯст шуда буд (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 419).

Дар назм пас аз сарҷумла омадани ҷумлаи пайрави сабаб бо пайвандаки азбаски бисёр дучор мешавад:

Чунин «маслиҳат» баҳри ман ор буд,
Зи бас дар дилам нияти кор буд,

(М. М., Ливои зафар).

Сабаби ин ҳама ҷудо гардид,
Баски ӯ тухми ҳиларо пошид

(М. Т., Чашма ҳикоят мекунад).

Пайвандаки азбаски одатан дар аввали ҷумлаи пайрав меояд. Аммо баъзан дар байни аъзоҳои ҷумлаи пайрав низ омада метавонад, дар ин гуна вақтҳо аъзои пеш аз пайвандак омадани ҷумла задаи мантиқӣ мегирад. Мисол: Асо азбаски дар ҳамин хонадон калон шуда буд, занҳо аз вай дар набудани бой намегурехтанд (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 124). Вале ин кор азбаски берун аз қоида ва қонуни электрикгузаронӣ карда шудааст, дар натиҷаи шамол ва борон симҳои салқу кашидашуда ба ҳам хӯрда, ҳар замон ба атроф оташ мепошиданд (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 316).

Пайвандаки азбаски дар ду мисоли боло пас аз мубтадо, дар мисоли сеюм пас аз пуркунанда омадааст.

Пайвандаки азбаски дар наср бетағйир истеъмол ёбад ҳам, дар назм вобаста ба қонунияти он шаклҳои зиёди истифодабарӣ дорад; азбас, зи баски, зи бас, бас, баски. Мисол:

пешина
аз 109
навбатӣ