Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар ин мисолҳо ҷумлаҳои пайрави сабаб танҳо характери эзоҳӣ доранд, вале дар мисолҳои зерин ҷумлаҳои пайрави сабаб характери исботкунӣ дошта, маънии эзоҳии онҳо ба ҷои дуюм гузоштааст:

Оби чашм мебоист ҳар чиро ҳал мекард, зеро пеш аз он воқеае шуда буд, ки ба ин даъво шаҳодат медод (Ҷ. И., Ман гунаҳгорам, саҳ. 60). Ахрорхоҷа аз куҷое шермаст шуда омада буд ва саρχушона гуфт, ки ин ҳавлӣ ҳам аз они вай, тамлики вай шудагӣ, зеро ки ба ивази қарзи Остонақул ҳукумат ба вай ин ҳавлиро додааст (Ҷ. И., Тори анкабут, саҳ. 103). Ҳозир ба ошноии директор он қадар лозим ҳам не, зеро ки вай аз дарсҳо бад не, стипендия гирифта истодааст, ки дигар боз чӣ? (Ҷ. И., Ман гунаҳгорам, саҳ. 57).

Ҷои пайвандакҳои зеро, зеро ки, чунки қатъӣ буда, доим дар аввали ҷумлаи пайрав меоянд, ҷумлаи пайрав бошад, пас аз сарҷумла воқеъ мегардад:

Баъд аз ин ман аз нишастан дар синф ҳатто дилгир мешудам, зеро шариконам ҳарфҳои ба ман шиносро ёд мегирифтанд (С. У., Субҳ, ҷ. 2, саҳ. 232). — Зал аз нав ба ҷунбиш омада карсак зада фиристод, зеро ки пеш аз Ҳошим Қорвон ҳеҷ як колхоз ин миқдор ӯҳдадории калон нагирифта буд (С. У., Навобод, саҳ. 296). Лекин аз сӯҳбати онҳо ҳеҷ баҳра намебурдам, чунки онҳо бештарин дар болои вақф, мансабҳои илмӣ, ба мансабҳои илмӣ ҳақ ё ноҳақ расидани муллоҳои ҷудогона гап мезаданд (С. А., Кул., ҷ. 1, саҳ. 29).

Аммо дар назм агарчи ҷои ҷумлаи пайрав бо ин пайвандакҳо аксар чун дар наср бошад ҳам, баъзан онҳо ҷои худро иваз менамоянд, яъне на танҳо дар аввали ҷумлаи пайрав, балки дар байни аъзоҳои он низ меоянд:

Чаро номи ту Қодирпаҳлавон шуд?
Ба меҳнат чунки зӯри ту аён шуд.
(М. Т., Кул., ҷ. II, саҳ. 151).

Карда иҷро амри қалби хештан
Мекунам ӯро зиёрат ҳар сафар.
Дар дилам аз кӯдакӣ зеро ки ман
Доштам меҳре ба ӯ чун бар падар
(В. Асрорӣ, Меҳри Ленин).

Пайвандаки азбаски асосан барои ба ҳам алоқаманд намудани ҷумлаи мураккаби тобеи сабаб-натиҷа истеъмол меёбад:

пешина
аз 109
навбатӣ