Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
чаро ки ин матлабро яке якбора ба кушода гуфтан далерӣ наменамуд, бинобар ин аввал масъалаи тӯйро дар миён андохт (С. А., Кул., ҷ. 1, саҳ. 247).
Пайвандакҳое, ки барои баҳампайвандии ҷумлаи пайрави сабаб ва сарҷумла истифода меёбанд, аз рӯи иҷрои вазифа ва қобилиятнокиашон ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд:
- пайвандакҳое, ки танҳо барои ба сарҷумла тобеъ купонидани ҷумлаи пайрави сабаб кор фармуда мешаванд; 2) пайвандакҳои муштараквазифа, ки ба сарҷумла ҳам ҷумлаи пайрави сабаб ва ҳам ҷумлаҳои пайрави дигарро тобеъ менамоянд.
ПАЙВАНДАКҲОИ ХОСИ САБАБ
Пайвандакҳое, ки танҳо барои ба ҳам алоқаманд намудани сарҷумла ва ҷумлаи пайрави сабаб хизмат мекунанд, асосан аз ҳаминҳо иборатанд: зеро, зеро ки, чунки, азбаски, бинобар он ки, бинобар ин ки, аз сабаби ин ки, ба сабаби ин ки, ба сабаби он ки, чаро ки, ин ки, он ки.
Пайвандакҳои зеро, зеро ки, чунки аз ҷиҳати иҷрои вазифаашон синоними якдигар ба ҳисоб мераванд ва ба ҷои ҳамдигар озодона кор фармуда мешаванд.
Мисол: Ин ҳисобот барои модарам боиси ташвиши зиёде шуда буд, зеро вай вазифаи «мирзогӣ» ва ҳисобчигии падарамро ба ҷо меовард (С. У., Субҳи ҷав. мо, саҳ. 93). Кампир бо чаҳл дам нагирифта аз зинаҳо боло шуд, лекин ба рӯи шабгаҳ расида, маҷбур ба истодан гашт, зеро ки дилаш сахт мезад ва нафасаш тангӣ мекард (Ҷ. И., Дух. от., саҳ.
145). Дар ин ҷо ҷуфт даровардан мумкин нест, чунки ниҳолҳо зада мешаванд (С. Л., Кул., ҷ. I, саҳ. 16).
Пайвандакҳои зеро, зеро ки, чунки ду намуди ҷумлаи пайрави сабабро ба сарҷумла тобеъ менамоянд: Ҷумлаҳои пайрави сабаби эзоҳӣ ва ҷумлаҳои пайрави сабабе, ки барои исботи фикри дар сарҷумла гуфташуда кор фармуда мешаванд. Мисол: Маҷлиси машваратӣ бисёр дароз накашид, зеро хабари ба Оббурдон наздик омадани аскарони сурх расида буд (С. Л., Кул., ҷ. II, саҳ. 392). —Бале, бале, аз аҳволи Зайнаб ҳам хабар гирем, зеро ки Зайнаб дар ин воқеа ҷои муҳиммеро ишғол мекунад (Ҷ. И., Ман гунаҳгорам, саҳ. 112). Ман ба гӯндоштани он ҳавсала накардам, чунки ҳақ ба назарам ненамуд (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 262). Ба калони ин илтимоси ман бисёр маъқул шуд, чунки онҳо то таъин шудани одами дигар дар ҷои ман ҳақки мударрисиро тамоман мехӯрданд (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 70).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё